Эълон. Маълумот барои довталабони озмун

ЭЪЛОН

  1. Тибқи талаботи «Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, № 647 тасдиқ шудааст, Суди ОлииҶумҳурии Тоҷикистон ба диққати довталабоне, кибарои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи Суди Олӣ, судҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳуҷҷат супориданд, мерасонад, ки санҷиши хаттӣ(диктант ба забони давлатӣ) рўзи 22 августи соли 2018, соати 9:00 дар толори бинои Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон (бинои асосӣ), суроға ш.Душанбе, хиёбони Рўдакӣ баргузор мегардад.

  2. Номзадҳо, бояд на дертар аз соати 8:00 дақиқа дар назди бинои Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон (факултети дорусозӣ) ҳозир шаванд. Номзадҳое, ки ба санҷиши хаттӣ дер мондаанд, ба имтиҳон роҳ дода намешаванд.

  3. Либос расмӣ. Бо худ гирифтани телефони мобилӣ ва дигар асбобҳои сабткунанда, ғайр азқалами худкори ранга, қатъиян манъ аст. 

  4. Телефонҳо барои гирифтани маълумоти иловагӣ: 233-89-91; 233-80-24.


Бозгашт ба рӯйхат