Озмуни "Сомонаи беҳтарин"

Аз 1 март то 31 майи соли 2019 байни судҳои ҷумҳурӣ озмуни «Сомонаи беҳтарин» баргузор мегардад.
Дар озмун судҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳо ва судҳои ҳарбии гарнизонҳо иштирок мекунанд.
Қисмҳои зерини сомонаҳо мавриди баҳодиҳӣ қарор дода мешаванд: мазмун, шакли зоҳирӣ ва осонии истифодабарии сомона; аҳамиятнокии маълумот ва таъсирнокии он ба истифодабарандагон; интишори натиҷаи баррасии парвандаҳои аҳамияти ҷамъиятдошта; муҳлати ворид намудани маълумоти нав ба сомона; шумораи истифодабарандагони сомона; маълумоти умумӣ дар бораи суд, роҳбарият; фаъолияти ҳамарӯза; коргузории судӣ; навигариҳо; тамос; эълонҳо; пресс-релизҳо; ҳамкорӣ бо ВАО; муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ; рӯйхати парвандаҳои баррасишаванда.
Натиҷаи озмун аз ҷониби Комиссия ҷамъбаст карда шуда, ғолибони он бо туҳфаҳои арзишнок сарфароз гардонида мешаванд.

Бозгашт ба рӯйхат