Нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар соли 2018

Имрӯз, 4 феврали соли 2019 дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар соли 2018 нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо ва кормандони масъули дастгоҳи Суди Олӣ иштирок намуданд.

IMG_4276.JPGДар оғози нишасти матбуотӣ аз ҷониби Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён доир ба натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019 бо таври мухтасар ба намояндагони ВАО ахборот пешниҳод гардид.

Қайд гардид, ки дар давоми соли 2018 аз ҷониби Суди Олӣ, судҳои вилоятӣ ва судҳои поёнӣ дар маҷмӯъ 142.859 адад парвандаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, ки нисбат ба соли 2017-5874 адад камтар мебошад.

Аз шумораи парвандаҳои баррасигардида 15139 ададро парвандаҳои гражданӣ, 41158 ададро парвандаҳои оилавӣ, 10645 ададро парвандаҳои  ҷиноятӣ, 50576 ададро парвандаҳои маъмурӣ ва 16528 ададро дархосту пешниҳодҳои сохтору мақомотҳои дахлдор ташкил медиҳанд.

Вобаста ба риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли сипаригардида 660 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2017 – 133 адад кам мебошад. Дар натиҷаи баррасии парвандаҳо ба 648 нафар ба маблағи умумии 3.133.450 сомонӣ ҷарима татбиқ гардида, бинобар сабаби набудани таркиби ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати 12 нафар парвандаҳо қатъ карда шудаанд.

Шумораи парвандаҳои маъмурӣ ҷиҳати риоя накардани Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки аз ҷониби судҳо баррасӣ гардидаанд, ба 15263 адад расида, бо 13508 парванда нисбати 13518 нафар қарор қабул карда шуда, пешбурди 197 адад парванда қатъ, барои барасмиятдарории нав 1508 адад ва аз рӯи тобеияти идоравӣ 50 парвандаҳо ирсол карда шуданд. Дар маҷмӯъ нисбати 4975 нафар ҷазои огоҳӣ ва нисбати 8543 нафар ҷаримаи маъмурӣ ба маблағи умумии 1.174.045 сомонӣ таъин карда шудааст.

Баҳри дар амал татбиқ намудани “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019”, ки ба баланд бардоштани маърифати дониши ҳуқуқии шаҳрвандон равона шудааст, 17354 парвандаҳо дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардида, судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо дар мавзӯъҳои ҳуқуқӣ дар телевизиону радио 2480 баромадҳо доир намуда, дар рӯзномаю маҷаллаҳо 1088 хабару мақолаҳо ба нашр расонида, 10022 маротиба дар ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва донишкадаҳои олӣ, инчунин қисмҳои ҳарбӣ вохӯрию мулоқотҳо баргузор намуданд.


IMG_4257.JPGБо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани қонунвайронкунӣ мусоидат кардаанд, судҳо 17960 таъинотҳои хусусӣ бароварда, барои чораҷӯӣ ба мақомоти дахлдор ирсол намуданд.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди ду маротиба дар як ҳафта ба роҳ мондани қабули шаҳрвандон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 24 апрели соли 2010 бармеояд, бевосита аз ҷониби Раиси Суди Олӣ дар соли 2018 – 1325 нафар муроҷиаткунандагон қабул карда шуданд.

Дар рӯзҳои корӣ бошад, аз ҷониби муовинони Раиси Суди Олӣ ва раисони коллегияҳои судӣ 248 нафар шаҳрвандон қабул карда шуданд.

Дар соли 2018 бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу малакаи касбии судяҳо ва коромӯз-судяҳо дар Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ 348 нафар ба такмили ихтисос фаро гирифта шуданд. Аз ин шумора 176 судя, 60 нафар коромӯз-судяҳо (дар ду давра) ва 53 нафар кормандони дастгоҳи судҳо мебошанд.

Инчунин дар давраи ҳисоботӣ дар Маркази таълимии судяҳо 60 нафар коромӯз-судяҳо дар ду давра ба машғулиятҳои назариявӣ-амалӣ аз рӯи ҳуқуқҳои гражданӣ, мурофиаи гражданӣ, ҳуқуқи ҷиноятӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, оилавӣ ва меҳнат ба бозомӯзӣ ҷалб карда, баъди ҳар давра ба судҳои ҷумҳурӣ ба таҷрибаомӯзӣ сафарбар карда шуданд.

Баҳри бартараф кардани камбудиҳои дар фаъолияти судҳо ҷойдошта, гуруҳҳои кории Суди Олӣ ба судҳои шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва суди шаҳри Душанбе, инчунин шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафарҳои корӣ анҷом дода, тамоми самти кории онҳоро мавриди санҷиш қарор дода, ҷиҳати боз ҳам беҳтар кардани фаъолияташон дастуру супоришҳои мушаххас дода, ёрии амалӣ расониданд.

Бояд қайд кард, ки дар баробари корҳои ба анҷом расонидашуда дар фаъолияти баъзе аз судяҳо камбудиҳо, ба монанди бекоршавии қарорҳои судӣ, риоя нагардидани муҳлати баррасии парвандаҳо, саривақт омода накардани санадҳои судӣ ва ба тарафҳо насупоридани нусхаҳои онҳо ҳанӯз ҳам боқӣ мондаанд, ки ҳолатҳои мазкур дар маҷлиси ҷамъбастӣ, ки 4 январи соли 2019 баргузор гардид, мавриди муҳокимаи ҷиддӣ ва хулосабарориҳо қарор дода шуданд. 


Бозгашт ба рӯйхат