Хабари Маркази матбуоти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маркази матбуоти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ аризаи маҳкумшуда – шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайид Қиёмиддини Ғозиро баррасӣ карда, 29 январи соли 2019 муҳлати ҷазо аз 25 сол ба 7 сол кам карда шуд.
Қарори мазкур бинобар сидқан пушаймон шудани Сайид Қиёмиддини Ғозӣ аз кирдорҳои содирнамудаи худ, мусоидат дар ошкор сохтани як қатор ҷиноятҳои вазнин ва фош кардани ашхоси ба ин ҷиноятҳо алоқаманд қабул гардида, ҳукми суди шаҳри Душанбе дар қисми таъини ҷазо тағйир дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, маъмул бо тахаллуси «Эшони Қиёмиддин», соли таваллудаш 1952, зодаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик, яке аз муассисони ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ, бо ҳукми суди шаҳри Душанбе аз 15 майи соли 2018 барои содир намудани маҷмӯи ҷиноятҳои дорои характери экстремистӣ (ифротгароӣ) гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 25 сол аз озодӣ маҳрум гардида буд.


Бозгашт ба рӯйхат