Баргузории семинар-тренингҳо

Рӯзҳои 1, 4 ва 8 апрели соли ҷорӣ бо иштироки раисон ва кормандони масъули дастгоҳҳои судҳои поёнӣ дар мавзӯи «Ташкил ва баргузор намудани нишасти матбуотӣ бо истифодаи технологияҳои коммуникатсионӣ ва кор бо сомонаҳо» семинар-тренинг баргузор гардид.
IMG_4908.JPG
Семинари мазкур бо иштироки раисон ва кормандони дастгоҳҳои судҳои вилояти Хатлон рӯзи 1 апрел дар шаҳри Бохтар, судҳои вилояти Суғд рӯзи 4 апрел дар шаҳри Хуҷанд ва судҳои ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он рӯзи 8 апрели соли 2019 дар шаҳри душанбе гузаронида шуд.
Дар семинар-тренингҳо тарзу усулҳои ташкил ва баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ, брифингҳо, мусоҳибаҳои матбуотӣ ва вохӯриҳо бо намояндагони воситаҳои ахбори омма ва таҳия намудани варақаҳои иттилоотӣ омӯзонида шуд.
Бахши дигари семинар-тренинг сомонаҳои судҳоро фаро гирифт. Дар ин бахш оид ба коркарди сомонаҳо, ворид намудан ва азнавсозии иттилооти сомонаҳо ба мутасаддиёни сомонаҳо, кормандони судҳо маълумот пешниҳод карда шуд. 
IMG_4786.JPGПас аз анҷоми семинар-тренингҳо рӯзи 1 апрел аз ҷониби раисони судҳои шаҳрҳои Бохтар ва Леваканти вилояти Хатлон бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори вилоят нишасти матбуотӣ баргузор гардид. 
IMG_4866.JPGНишасти матбуотии раисони судҳои ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори оммаи вилояти Суғд рӯзи 4 апрел гузаронида шуд.


  Дар нишастҳои матбуотӣ раисони судҳои шаҳри Бохтар – А.Ёқубзода, шаҳри Левакант – Р.Назарзода, ноҳияи Б.Ғафуров – М.Бурҳониён ва ноҳияи Ҷ.Расулов – А.Абдуҷабборӣ оид ба натиҷаи фаъолияти судҳо дар давоми семоҳаи якуми соли 2019 ба намояндагони воситаҳои ахбори омма ахборот доданд.
Сипас, аз ҷониби хабарнигорон саволҳо пешниҳод гардида, ба ҳамаи саволҳо аз ҷониби раисони судҳо посухҳо дода шуданд.

  Бахши иттилооти Суди Олӣ

Бозгашт ба рӯйхат