Ба истифода додани майдончаи варзишӣ

IMG_5600.JPG22 июни соли 2019 дар кӯчаи Неъмат Қаробоеви ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо мақсади дастгирии иқдомҳои созандагӣ ва бунёдкории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Суди Олӣ майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд.
Тамоми корҳои сохтмонии майдончаи зикргардида вобаста ба сохтмон, ободонӣ, кабудизоркунӣ ва насб кардани таҷҳизотҳои варзишию истироҳатӣ бо ҷалби мутахассисони соҳаҳои дахлдор бо риояи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ тибқи лоиҳаи тасдиқгардида ва дар мувофиқа бо сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба амал бароварда шуданд.
Тамоми корҳои анҷомдодашуда, аз ҷумла тозагии роҳравҳои боғ, нест кардани алафҳои бегона, аз партов ва ифлосиҳо тоза кардани ҷӯйборҳо, қубурҳои обгузар ва дар маҷмӯъ зебо кардани намуди зоҳирии варзишгоҳ ва таваққуфгоҳи назди биноҳои истиқоматӣ дар сатҳи зарурӣ амалӣ карда шуданд.
IMG_5586.JPG
Дар корҳои сохтмонии майдончаи варзишӣ зиёда аз 340 метри квадратӣ роҳравҳои ранга (мозайка), барои равшансозии варзишгоҳ 6 адад фурӯзонакҳо, барои таваққуфгоҳ 3 дона фурӯзонакҳои калонҳаҷм васл карда шуданд. Атрофи майдончаи варзишӣ 54 м3 бетон гирифта шуда, дар атрофи таваққуфгоҳ 28 м3 ва дар дохили он 104 м3 бетон истифода карда шудаст.
Ҳамчунин дар атрофи майдонча ва таваққуфгоҳ 351 метр деворча (бордюр) истифода карда шуда, дар мустаҳкам кардани роҳравҳои онҳо 80м3 бетон истифода карда шуданд. Барои истироҳати сокинони маҳал 1 адад айвонча (беседка) тайёр карда, насб карда шудааст.
Барои бозии кӯдакон, истироҳати сокинон ва варзиши онҳо таҷҳизотҳои истироҳатӣ ва варзишӣ насб карда шуданд.
Ҳамчунин дар ҳудуди майдонча 82 адад дарахтони арчаҳои бисёрсола ва гулу буттаҳои зиёди ороишӣ шинонида шуданд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани чунин иншооти замонавӣ барои болидахотирии сокинон ва меҳмонони пойтахт, инчунин боз ҳам ҷолибу зебо гардидани симои шаҳри Душанбе мусоидат хоҳад кард.


Бозгашт ба рӯйхат