ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ СУДӢ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2019

Имрӯз, 12 июли соли 2019 дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар нимсолаи якуми соли 2019 маҷлиси васеъ баргузор гардид.
Дар маҷлис намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Шоназаров С.А., роҳбарият, судяҳо, кормандони масъули дастгоҳи Суди Олӣ, раисони судҳои ВМКБ, вилоятҳо, раисон ва судяҳои судҳои шаҳри Душанбе, ноҳияҳои он ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуданд.IMG_5740.JPG
Нахуст муовини якуми Раиси Суди Олӣ Лутфуллозода Ш. оид ба натиҷаи баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, муовини Раиси Суди Олӣ Исҳоқӣ А.Н. вобаста ба натиҷаи баамалбарории адолати судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ ва оилавӣ ва муовини Раиси Суди Олӣ Раҳмонзода С.С. вобаста ба натиҷаи фаъолияти судҳои ҳарбӣ ахборот доданд.
Сипас, ахборотҳои директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ Завқизода С.А. ва раисони судҳои ВМКБ Усмонзода Ш., вилояти Суғд Оқилзода Б.Д., вилояти Хатлон Мирзозода Р.П., шаҳри Душанбе Гиёзода М.Қ. ва раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олӣ Қодирзода Т.Қ. шунида шуд.
Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Шоназаров С.А. низ дар маҷлис баромад намуда, вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои ҷумҳурӣ дар давоми нимсолаи якуми соли 2019 андешаҳои худро изҳор доштанд.
IMG_5774.JPGДар интиҳои маҷлис Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён баромад намуда, фаъолияти мақомоти судиро дар нимсолаи якуми соли 2019 мавриди ҷамъбаст қарор дода, ба судяҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо, роҳ надодан ба кашолкорӣ, риоя кардани муҳлати баррасии парвандаҳо, тибқи талаботи қонунгузории мурофиавӣ босифат таҳия намудани санадҳои судӣ ва саривақт ба тарафҳо супоридани нусхаҳои онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бо муайян намудани вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2019 ба кори маҷлис хотима бахшида шуд.

Бозгашт ба рӯйхат