ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ ВАЗИФАИ КОРОМӮЗ-СУДЯ

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои ишғоли вазифаи коромӯз - судя озмун эълон менамоянд

 

Барои ишғоли вазифаи коромӯз – судя шахсе метавонад ҳуҷҷат супорад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 3 - сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад, забони давлатиро донад, хизмати ҳарбии ҳатмии мӯҳлатнокро (ба истиснои занон, инчунин мардоне, ки билети ҳарбӣ доранд, ба ғайр аз онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд) адо карда бошад ва синни ӯ аз 25 кам набошад.

 Довталабон бояд ҳуҷчатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

 1. Диплом дар бораи таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;         

2. Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

3. Тарҷумаи ҳол;

4. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

5. Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

6. Нусхаи шиноснома;

7. Нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ (талоқ);

8. Маълумот дар бораи вазъи молу мулк;

9. Маълумот дар бораи доғи судӣ надоштани худ ва хешовандони наздик;

10. Нусхаи билети ҳарбӣ;

11. Хислатнома аз ҷойи кори охирин;

12. Тавсия оид ба шахсият ва касбият (на кам аз 3 адад);

13. Хулосаи тиббӣ оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ);

14. 4 дона расми 3×4 см;

15. Ҷузвдон (скоросшиватель);

16. Лифофа (конверт).

 

Ҳуҷҷатҳо аз тарафи комиссияи қабул дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев – 1 дар ошёнаи якуми бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 1 март то 20 марти соли 2021 қабул карда мешавад.

Номзадҳо метавонанд оид ба шартҳои озмун тариқи телефонҳои 233-89-91 ва 233-83-62 маълумоти иловагӣ гиранд.

 

Комиссияи қабул


Возврат к списку


СОМОНАҲОИ МУФИД