Ба истифода додани майдончаи варзишӣ воқеъ дар кўчаи Деҳотӣ 21/13

Санаи 8 июни соли 2018 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе боз як майдончаи варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Майдончаи мазкур дар шаҳраки 46, кўчаи Деҳотии пойтахт ҷой гирифта, он тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуд.

Бояд қайд кард, ки корҳои сохтмонии майдончаи варзишӣ бориояимеъёри қоидаҳоисохтмонӣ тибқи лоиҳаи азнавсозии он дар мувофиқа бо сохторҳои дахлдори шаҳри Душанбе амалӣ гардиданд.

Бо мақсади таъмини шароити мусоиди сайру гашт ва истироҳати сокинон, ба хусус кўдакон ва ҷавонон ва боз ҳам зебо гардидани намуди зоҳирии ин мавзеъ тамоми корҳои амалишуда вобаста ба сохтмон, ободонӣ, кабудизоркунӣ ва насб кардани таҷҳизотҳои варзишию истироҳатӣ дар ин майдонча ба пуррагӣ бо ҷалби мутахассисони соҳаҳои дахлдор анҷом дода шуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар кори сохтмони майдончаи варзишӣзиёда аз 987 метри квадратӣ роҳравҳои ранга (мозайка), 30 адад фурўзонакҳо барои равшансозӣ ва 4 адад айвонча (беседка) барои истироҳати сокинони атрофи майдонча насб карда шудааст. Атрофи майдонча бошад, бо 286 метр панҷараи оҳанин ва бо 460 метри квадратӣ сеткаи симин махкам карда шуда, 8 адад таҷҳизот барои бозии кўдакон, барои варзиши онҳо 1 адад брус, 4 адад турник ва барои истироҳат 22 адад курсиҳо насб карда шуданд. Хамчунин дар ҳудуди майдонча 54 адад дарахтони арчаҳои бисёрсола ва гулу буттаҳои зиёди ороишӣ шинонида шуданд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани чунин иншоотҳои замонавӣ барои болидахотирии сокинон ва меҳмонони пойтахт, инчунин боз ҳам ҷолибу зебо гардидани симои шаҳри Душанбе мусоидат хоҳад кард.


Бозгашт ба рӯйхат