Имрӯз 6 сентябри соли 2024 дар Суди Олӣ бахшида ба таҷлили 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олӣ, судҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он иштирок намуданд.
Дар оғози маҷлис Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён иштирокчиёнро бо фарорасии ҷашни бузурги миллӣ – Истиқлолияти давлатӣ табрик карда, дар бораи моҳияти Истиқлол ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуданд.
Қайд карда шуд, ки Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири таърихи давлатдорӣ буда, маҳз ба шарофати Истиқлолият Тоҷикистон ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.
Истиқлолият нишонаи озодӣ, ҳувият, рамзи соҳибдавлатӣ, ватандорӣ, саодат, ифтихору номус ва шарти пойдории миллати бузургамон мебошад, ки тақдирашро бо дасти хеш навишта, низоми давлатдорӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии худро мустақилона муайян намудааст.
Бо қабули Эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатӣ бори нахуст дар таърихи давлатдории тоҷикон мафҳуми таҷзияи ҳокимияти давлатӣ қайд гардида, ҳокимияти судӣ дар баробари ҳокимияти қонунгузор ва ҳокимияти иҷроия мақоми худро пайдо карда, айни замон танҳо ба Конститутсия ва қонунҳо такя намуда, адолати судиро таъмин менамояд.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6-уми ноябри соли 1994, ҳамчун арзишмандтарин ва бузургтарин дастоварди Истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи тозаи рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гузошт. Кишвари мо давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гашта, принсипҳои ташкили низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва тартиби фаъолияти онҳо мушаххас гардид.
Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ яке аз рукнҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.
Ҳоло бо боварии комил метавон гуфт, ки аз ҷониби судяҳои тамоми низоми судии кишвар дар самти баамалбарории адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини қонуният ва волоияти қонун корҳои арзанда ва шоиста анҷом дода шуда истодааст. Дар асоси қонунгузории мурофиавӣ парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби судҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нисбат ба онҳо қарорҳои қонунӣ ва асоснок қабул карда мешаванд.
Дар моддаи 9-и Конститутсия ҳокимияти судӣ шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф шуда, дар боби 8-и он вазифа, мақсад, принсипҳои фаъолият, талаботҳо оид ба таъин ва интихоби судяҳо низоми судӣ мушаххас гардонида шуда, адолати судӣ омили муҳими таъмини адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамчунин, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳо маънидод шуд.
Дар идомаи маҷлиси тантанавӣ судяҳои Суди Олӣ ва судҳои ҷумҳурӣ дар мавзӯъҳои «Аҳамияти таърихии Истиқлолияти давлатӣ дар рушду таҳкими давлатдории миллӣ», «Моҳият ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ» ва «Истиқлолияти давлатӣ ва ташаккули њокимияти судї» маърӯзаҳо намуданд.
Дар фароварди маҷлиси тантанавӣ Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён иштироккунандагонро бори дигар бо фарорасии Ҷашни муқаддаси миллиамон шодбош гуфта, ба кори чорабинӣ хотима бахшиданд.