Маҷлиси тантанави бахшида ба 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз, 4 ноябри соли 2024 дар маҷлисгоҳи Суди Олӣ бахшида ба таҷлили 30-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Маҷлисро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки 6 ноябри соли 1994 ҳамчун рўзи фаромўшнашаванда дар таърихи навини давлатдории кишвари азизамон бо рангҳои заррин сабт гардидааст.
Маҳз дар ҳамин санаи таърихӣ аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сифати қонуни олии кишвар қабул гардид.
Конститутсия ҳамчун қонуни олии давлат муайянкунандаи мазмун ва муҳтавои қонунҳои амалкунандаи кишвар, такягоҳи мустаҳками қудрати сиёсӣ ва кафолатдиҳандаи ҳадду ҳудуди салоҳияти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла маќомоти судӣ мебошад. Конститутсия дар ҳудуди давлат оромию суботи ҷомеа, ваҳдати сиёсӣ ва волоияти қонунро таъмин менамояд.
Конститутсия санади воқеан таърихӣ ва тақдирсози миллат буда, истиқлолияти давлатиро дар сатҳи қонуни асосӣ муқаррар намуда, асосҳои ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ояндаи онро мувофиқ ба меъёрҳои байналмиллалӣ мустаҳкам мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон изҳор доштанд, ки «Конститутсия санади воқеан таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои муҳими ҷомеа мебошад».
Бояд қайд намуд, ки аз вақти қабули Конститутсия дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварамон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд.
Бо ҳамин мақсад ба Конститутсия се маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Ҳамзамон татбиқи барномаҳои ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, вусъат ёфтани муносибатҳои, иқтисодӣ, ҳамгироӣ бо ҷомеаи мутамаддин ва пешрафти ҳаёти ҷомеа талаб менамуд, ки муқаррароту меъёрҳои конститутсионӣ такмил дода, он ба талаботи давру замон мувофиқ гардонда шавад.
Тағйиру иловаҳои воридгардида бо мақсади таҳким додани давлати соҳибистиқлолӣ демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро равона карда шуда, аз ҷумла масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дарбар мегирад. Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон намуд.
Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшуда ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла ба таҳкими мақомоти судии кишвар низ дахл доранд ва ба такмили сохтори он, бахусус тартиби нави интихоб ва таъини судяҳо, ташкили фаъолияти мақомоти судӣ ва тарзи ҳалли дигар масъалаҳои ҷиддие, ки дар раванди амалисозии ислоҳоти конститутсионӣ ба миён омадаанд, равона карда шудааст.
Конститутсия моҳияти ҳокимияти судӣ ва мақсаду вазифаҳои онро муқаррар намуда, аз ҷумла пешбинӣ кардааст: «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд».
Аз ин лиҳоз, ки судяҳо ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ мустақил буда, фаъолияти худро аз номи давлат амалӣ менамоянд ва танҳо ба қонун итоат мекунанд.
Ҷашни 30-солагии қабули Конститутсия боз як фурсати мувофиқ аст, ки мо дар бораи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии худ мулоҳиза ронем. Дар ин роҳ Конститутсияи давлати озоду соҳибистиқлоламон роҳбаладу роҳнамои мост ва он санади ифодакунанда ва ҷавобгўи ормону орзуи халқи Тоҷикистон мебошад.
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият дод, то кишварамон ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шуда, ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардад.
Дар ҷамъомад ҳамчунин судяҳои Суди Олӣ ва судҳои поёнӣ доир ба мавзӯҳои «Конститутсия бахтномаи миллат», «Нақши Конститутсия дар эъмори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон», «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзишҳои меҳварии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Конститутсия ва таҳкими ҳокимияти судӣ»бо маърўзаҳо баромад намуданд.
Дар интиҳои маҷлиси тантанавӣ Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён иштироккунандагонро бори дигар бо 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба кори маҷлис хотима бахшиданд.