НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2024

Имрӯз, 13 феврали соли 2025 дар Суди Олӣ оид ба натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар оғоз Раиси Суди Олӣ Мирзозода Рустам Пираҳмад намояндагони воситаҳои ахбори оммаро бо натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2025 шинос намуданд.

photo_2025-02-13_10-10-07.jpgҚайд гардид, ки тибқи муқаррароти Конститутсия ва қонунҳо вазифаҳои мақомоти судӣ аз ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва таъмини қонунияту адолат дар ҷомеа иборат буда, дар ин самт корҳои муайяне амалӣ карда шуданд.

Тибқи маълумоти оморӣ дар соли 2024 аз ҷониби судҳо дар маҷмӯъ 169614 адад парвандаҳои маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ, пешниҳоди муассисаҳои ислоҳӣ ва Хадамоти иҷро баррасӣ карда шуданд, ки нисбат ба соли 2023, 31664 адад зиёд мебошад.

Аз шумораи умумии парвандаҳои баррасигардида 13326 адад парвандаҳои маданӣ, 46063 адад парвандаҳои оилавӣ, 12036 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, 75379 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 8255 дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ ва 6995 адад пешниҳодҳои сохтору мақомоти дахлдор мебошанд.

Бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии аҳолии кишвар, мусоидат барои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва пешгирии хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ мерасонанд, Қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардидааст.

Аз ҷониби мақомоти судӣ соли сипаригардида барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур дар маҷмӯъ 1435 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣphoto_2025-02-13_10-10-19.jpg гардида, ба 1409 шахс ба маблағи умумии 11.095.560 сомонӣ ҷарима татбиқ карда шудаст.

Ҳамчунин бо мақсади ба роҳ мондани таълиму тарбияи шаҳрвандон, пешгирии кирдорҳои номатлуб аз ҷониби онҳо Қонун «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», тақвият додани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд қабул гардид.

Бо мақсади амалӣ намудани меъёрҳои Қонуни мазкур соли 2024 аз ҷониби судҳо дар маҷмӯъ 27782 адад парвандаҳо нисбати вайронкунандагони Қонуни мазкур баррасӣ гардида, дар натиҷа ба 4135 нафар ҷазои огоҳӣ ва нисбати 23670 нафар ҷарима ба маблағи умумии 6.031.831 сомонӣ таъин карда шудаст.

Бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани кирдорҳои ғайриқонунӣ мусоидат кардаанд, аз ҷониби судҳо дар маҷмӯъ 29128 таъиноти хусусӣ бароварда, ҷиҳати тадбирандешӣ барои аз байн бурдани камбудиҳое, ки ба содир намудани қонунвайронкуниҳо сабаб гардидаанд, ба мақомоти дахлдор карда шуданд, ки ин шумора нисбат ба соли 2023, 2798 адад зиёд мебошад.

Соли гузашта судҳо ба фоидаи давлат дар маҷмӯъ аз рӯи ҳама парвандаҳо маблағи боҷи давлатӣ, ҷарима, мусодираи молу мулк, зарари ба давлат расонидашударо ба маблағи умумии 125.606.063 сомонӣ рӯёнида, ба буҷаи ҷумҳуриявӣ гузарониданд.

Боиси зикр аст, ки таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати ҳуқуқии давлат буда, он дар робита бо тарбияи сиёсӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ ва эстетикии инсон равона гардидаст. Тарбияи ҳуқуқӣ бо дарназардошти арзишҳои ахлоқӣ, фарҳанги миллӣ, мероси таърихӣ, одату арзишҳои миллӣ ба амал бароварда мешавад.

Сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018 «Дар бораи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» ва «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» амалӣ карда мешавад.

Ҷиҳати амалисозии Барномаи мазкур судҳои ҷумҳурӣ ба таври доимӣ чорабиниҳои гуногуни ҳуқуқиро дар байни аҳолӣ ба роҳ монда, ҷиҳати бештар намуданиphoto_2025-02-13_11-03-44.jpg шумораи мурофиаи сайёри судӣ ва самаранокии онҳо чораҳои зарурӣ андешида, вобаста ба тақвият бахшидан ба фаъолияти судҳои ҳакамӣ ва ҳалли баҳсҳои тосудӣ бо ҷалби бештари шумораи аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, тавассути воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла телевизиону радио, рӯзномаву маҷаллаҳо ва шабакаи интернетӣ ба маълумоти аҳолии кишвар доир ба санадҳои судию масъалаҳои рӯзмараи ҷомеа ахборот дода, маводи ҳуқуқӣ нашр мекунанд.

Бо мақсади амалӣ намудани Барномаи зикршуда ва иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи ин Барнома дар як қатор ҷамоату шаҳракҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо бо шаҳрвандон вохӯрию сӯҳбатҳо доир намуда, мазмуну муҳтавои Конститутсия, қонунҳои кишвар, аз ҷумла қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонун «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва дигар қонунҳо, дастовардҳои 33-соли Истиқлолият ва Ваҳдати миллиро фаҳмонданд.

Судҳои ҷумҳурӣ ба хотири истифодаи минбари мурофиаҳои сайёри судӣ баҳри ташвиқу тарғиби қонунҳои амалкунанда ва пешгирии ҷинояткорӣ, дар маҷмӯъ 30150 парвандаҳоро дар мурофиаҳои сайёр баррасӣ карда, тариқи телевизиону радио 4796 маротиба баромад намуда, дар рӯзномаю маҷаллаҳо 1800 хабару мақолаҳо ба нашр расониданд.

Ба ғайр аз ин, судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо дар 13294 чорабиниҳои дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбӣ баргузоршуда иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бо иштироки кормандони мақомоти судӣ 24 адад барномаҳои ҳуқуқии «Мурофиа» ба навор гирифта, тариқи шабакаи телевизиони «Тоҷикистон» пешкаши тамошобинон карда шуд.

photo_2025-02-13_10-10-21.jpgҲамзамон тариқи шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» 30 барнома таҳти унвони «Ҳуқуқи Шумо» бо иштироки судяҳои ҷумҳурӣ дар пахши мустақим пешкаши тамошобинон гардид.

Инчунин дар давраи ҳисоботӣ аз фаъолияти судҳои ҷумҳурӣ 62 адад барномаи иттилоотӣ-таҳлилии «Додгоҳ» сабт ва тариқи телевизиони «Ҷаҳоннамо» пахш карда шуд.

Ҳамзамон судяҳо дар 24 барномаи таҳлиливу ҳуқуқии «Инсон ва қонун»-и телевизиони «Тоҷикистон» иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки соли 2024 бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон судяҳои судҳои ҷумҳурӣ дар 24 барномаи Радиои «ҒМ-Ховар»-и Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» зери унвони «Маърифати ҳуқуқӣ» сабт ва дар мавҷи радиоӣ пахш карда шуданд.


Бозгашт ба рӯйхат