Нишасти матбуотии суди шаҳри Панҷакент

РӯIMG_5053.JPGзи 29 апрели соли 2019 дар суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд вобаста ба натиҷаи фаъолияти суди шаҳр дар давраи се моҳи аввали соли 2019 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ судяҳо ва кормандони масъули дастгоҳи суди шаҳри Панҷакент иштирок намуданд.
Дар оғози нишасти матбуотӣ аз ҷониби раиси суди шаҳри Панҷакент Мирзоҳомидзода Диловар доир ба натиҷаи фаъолияти суд дар се моҳи аввали соли 2019 бо таври мухтасар ба намояндагони воситаи ахбори омма ахборот пешниҳод карда шуд.
Қайд гардид, ки дар давоми се моҳи аввали соли 2019 аз ҷониби суди шаҳри Панҷакент дар маҷмӯъ 869 адад парвандаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 126 адад зиёд мебошад.
Аз шумораи парвандаҳои баррасигардида 63 ададро парвандаҳои ҷиноятӣ, 85 ададро парвандаҳои гражданӣ, 282 ададро парвандаҳои оилавӣ, 373 ададро парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 37 ададро дархостҳои мақомоти пешбурди тафтиши пешакӣ ва 29 ададро пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрочиёни Хадамоти иҷро ташкил медиҳанд.
Вобаста ба риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар давраи ҳисоботӣ 4 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардида, дар натиҷаи баррасии парвандаҳо ба 4 нафар ба маблағи 21500 сомонӣ ҷарима татбиқ гардид.
Шумораи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷиҳати риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ки аз ҷониби судяхо баррасӣ гардидаанд, ба 94 адад расида, бо 92 парванда нисбати 92 нафар қарор қабул карда шуда, барои барасмиятдарории нав 1 адад парванда ирсол карда шуд. Дар маҷмӯъ нисбати 41 нафар ҷазои огохӣ ва нисбати 52 ҷазои ҷаримаи маъмурӣ ба маблағи умумии 7705 сомонӣ таъин карда шудааст.
Дар семоҳаи якуми соли 2019 ҷамъи маблағҳои рӯёнидашуда бо ҳамаи категорияҳои парвандаҳои судӣ 250992,02 сомониро ташкил намуд.
Дар ин давра ҷамъи маблағҳои зарари ба давлат расонидашуда 8595 сомониро ташкил намуд, ки ихтиёран дар давраи мурофиаи судӣ барқарор карда шуданд.
Баҳри дар амал татбиқ намудани “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019”, ки ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии IMG_5053.JPGшаҳрвандон равона шудааст, 213 парвандаҳо дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардида, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Панҷакент дар мавзӯъҳои ҳуқуқӣ дар телевизиону радио 18 баромадҳо карда, дар рӯзномаю маҷаллаҳо 5 мақола ба нашр расонида, 30 маротиба дар ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва донишкадаҳои олӣ вохӯрию мулоқотҳо баргузор намуданд.
Бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани қонунвайронкунӣ мусоидат кардаанд, судяҳо 181 таъинотҳои хусусӣ бароварда, барои чораҷӯӣ ба мақомотҳои дахлдор ирсол намудаанд.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди ба роҳ мондани қабули шаҳрвандон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 бармеояд, бевосита аз ҷониби раиси суди шаҳри Панҷакент дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 91 нафар муроҷиаткунандагон қабул карда шуданд.

Бозгашт ба рӯйхат