Нишасти матбуотии суди шаҳри Хуҷанд

Рӯзи 2 майи соли 2019 дар суди шаҳри Хуҷанд оид ба натиҷаи фаъолияти суди шаҳр дар се моҳи аввали соли 2019 нишасти матбуотӣ баргузор гардид. 
Дар нишасти матбуотӣ судяҳо ва кормандони масъули дастгоҳи суди шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.IMG_5292.JPG
Дар оғози нишасти матбуотӣ аз ҷониби раиси суди шаҳри Хуҷанд Шарифзода Мавҷуда Рауфӣ доир ба натиҷаи фаъолияти семоҳаи аввали соли 2019 ба таври мушаххас ба намояндагони воситаҳои ахбори омма ахборот пешниҳод карда шуд.
Қайд гардид, ки дар давраи семоҳаи аввали соли 2019 аз ҷониби суди шаҳри Хуҷанд дар маҷмӯъ 1825 адад парванда ва маводҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, ки нисбат ба семоҳаи соли 2018 96 адад камтар мебошад.
Аз шумораи парвандаҳои баррасигардида 145 ададро парвандаҳои гражданӣ, 284 ададро парвандаҳои оилавӣ, 170 ададро парвандаҳои ҷиноятӣ, 800 ададро парвандаҳои маъмурӣ ташкил дода, инчунин 426 ададро дархосту пешниҳодҳои сохтору мақомоти дахлдор ташкил медиҳанд.
Вобаста ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар семоҳаи соли ҷорӣ 5 адад парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 481 КҲМ ҶТ баррасӣ карда шуда, зимни баррасии парвандаҳо 1 адад парванда барои барасмиятдарории нав ирсол карда шуда, нисбати 4 нафар ба маблағи умумии 21 500 сомонӣ ҷарима татбиқ гардидааст.
IMG_5372.JPGШумораи парвандаҳои маъмурӣ ҷиҳати риоя кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки бо моддаи 90 КҲМ ҶТ аз ҷониби судяҳо баррасӣ гардидаанд, ба 132 адад расида, бо 124 адад парванда нисбати 124 нафар қарор қабул карда шуда, 8 адад парванда барои барасмиятдарории нав ирсол карда шудаанд. Дар маҷмӯъ нисбати 78 нафар ҷазои огоҳӣ ва нисбати 46 нафар ҷаримаи маъмурӣ ба маблағи умумии 5 270 сомонӣ таъин карда шудааст.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди ҳар ҳафта ба роҳ мондани қабули шаҳрвандон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 24 апрели соли 2010 бармеояд, бевосита аз ҷониби роҳбарияти Суди шаҳри Хуҷанд дар семоҳаи соли 2019 - 71 нафар муроҷиаткунандагон қабул карда шуда, дар рӯзҳои корӣ бошад, аз ҷониби судяҳои суди шаҳри Хуҷанд - 558 нафар шаҳрвандон қабул карда шудаанд.
Бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароитҳое, ки ба содир 
IMG_5415.JPGшудани 
қонунвайронкунӣ мусоидат кардаанд, судяҳо 111 адад таъинотҳои хусусӣ бароварда, барои чораҷӯӣ ба мақомоти дахлдор ирсол намудаанд.

  Баҳри дар амал татбиқ намудани «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019», ки ба баланд бардоштани маърифати дониши ҳуқуқии шаҳрвандон равона шудааст, 95 парвандаҳо дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардида, судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо дар мавзӯъҳои ҳуқуқӣ дар телевизиону радио 17 маротиба баромадҳо доир намуда, дар рӯзномаю маҷаллаҳо 2 хабару мақолаҳо ба нашр расонида, 27 маротиба дар ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва донишкадаҳои олӣ, инчунин дар кумитаи маҳаллаҳои шаҳр вохӯрию мулоқотҳо баргузор намуданд.

Возврат к списку