МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ

Имрӯз, 28 феврали соли 2025 дар маҷлисгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ вобаста ба нафақа гусел намудани роҳбари дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Хурсандмурод Бурӣ ва судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшарофӣ Дилбар таҷлил карда шуд. Дар ҷаласа судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олӣ ширкат варзида, саҳми арзандаи ин шахсонро дар рушди низоми судӣ қайд намуданд.


WhatsApp Image 2025-02-28 at 12.03.48.jpegРаиси Суди Олӣ Мирзозода Р.П. барои хизматҳои шоиста ба собиқадорон изҳори сипос карда, фаъолияти пурмаҳсулашонро намунаи ибрат хонда ба онҳо саломатии бардавом, умри дароз ва зиндагии пур аз саодатро орзу намуданд.





Ҳамкорон хотираҳои некро аз ҳамкории чандсолаи худ бо онҳо баён намуда, барои заҳматҳои содиқонаашон арзи миннатдорӣ карданд.
Роҳбари Дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Хурсандмурод Бурӣ ва судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшарофӣ Дилбар дар навбати худ аз дастгириҳои роҳбарият ва ҳамкорон изҳори сипос намуда, орзу карданд, ки низоми судии кишвар боз ҳам такмил ва рушд ёбад. Таъкид гардид, ки адолати судӣ дар ҷомеа нақши калидӣ дорад, аз ин рӯ волоияти қонун ҷиҳати ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон бояд бечунучаро амалӣ гардад.

   

Маросим дар фазои гарму самимӣ сурат гирифт, ки бо суханҳои илҳомбахш ва тӯҳфаҳои ёдгорӣ анҷом ёфт. Ин ҷаласа боз як далели қадрдонии хизмати кормандони содиқи низоми судӣ гардид.



Бозгашт ба рӯйхат