ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 8-МАРТ-РЎЗИ МОДАР

Имрӯз, 6 марти соли 2025 дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи модар” бо иштироки Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Р.П., муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олӣ баргузор гардид.

IMG_7968.JPG

Раиси Суди Олӣ бо сухани табрикотӣ чорабинии мазкурро оғоз намуда, нақши баланди занонро дар ҷомеа ва садоқати онҳоро ба касби худ таъкид кард. Номбурда қайд намуд, ки дар доираи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Суди Олӣ тамоми имкониятҳоро вобаста ба зиёд намудани сафи занон дар мақомоти судӣ меандешад. Дар ин фазои идона ба бонувони фаъоли мақомоти судӣ барои саҳми арзандаи онҳо дар таъмини адолат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ изҳори сипос ва миннатдорӣ карда шуд.

IMG_7945.JPG

Ҳамзамон, судяи Суди Олӣ Оймаҳмадзода М. нақши калидии занонро дар рушди ҷомеа, хираду таҳаммул ва касбиятнокии онҳоро таъкид намуда, бо шеъру гуфторҳои дилнишин дар васфи модар, ҳозиринро табрик намуд. 

1741268151234.jpg

Дар фарҷоми чорабинӣ, директори маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ муҳтарам Завқизода С. дар сухани табрикотӣ бахшида ба аҳамият ва самараи боло бурдани нақши занонро дар низоми судӣ ва ҷомеаи адолатпарвар иброз намуданд.

1741267580063.jpg

Бонувони Суди Олӣ бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Муҳити идона ва суханони самимӣ ба чорабинӣ ранги хос бахшиданд. Ин рӯзи фаромӯшнашаванда бори дигар эҳтиром ва қадрдонии модаронро баён намуд.

1741268954797.jpg


Бозгашт ба рӯйхат