САФАРИ ОМӮЗИШӢ

Бо мақсади амалӣ намудани бандҳои Нақшаи амали солҳои 2023-2025 ба Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2023, №357 тасдиқ шудааст, рӯзи 10 марти соли ҷорӣ дар Мактаби Олии Адлияи давлати Италия ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Умед Бобозода сафари омузишӣ ба анҷом расонида шуд.

WhatsApp Image 2025-03-11 at 13.28.26.jpeg
Дар сафари омузишии мазкур Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Марзия низ иштирок намуданд.
Мақсади асосии ин ташаббус ба масъалаҳои волоияти қонун, таҳкими асосҳои қонунгузорӣ ва институтсионалӣ дар соҳаи медиатсия ҷиҳати ҳалли ғайрисудии баҳсҳо равона гардидааст.
Пешбинӣ намудани медиатсия ҳамчун шакли баррасӣ ва ҳал намудани баҳсҳои хусусии ҳуқуқӣ ва такмили муҳокимаи судӣ яке аз самтҳои сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ин саъю кӯшишҳо ба таҳкими воситаҳои адолати судӣ ва беҳтар кардани самаранокии низоми қонунгузории кишвар равона шудаанд.
WhatsApp Image 2025-03-11 at 13.28.25.jpeg

Бо дарназардошти ин таваҷҷуҳи ҳайати Тоҷикистон ба таҷрибаи муассисаҳои Италия, бахусус дар омодасозии миёнҷиён дар соҳаи медиатсия равона гашта, аз таҷрибаи андухташуда натиҷаҳои чашмдошт ба даст оварда шуданд.


Бозгашт ба рӯйхат