Имрӯз, 13 марти соли равон, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Алиризо Ҳақиқиён ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташрифи расмӣ намуданд. Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Р.П. меҳмони гиромиро ба ҳузур пазируфт.
Дар доираи муколамаи дутарафа, ҷонибҳо масъалаҳои муҳим ва ҷанбаҳои ҳамкории мутақобиларо баррасӣ намуда, фикру мулоҳизаҳои судмандро мубодила карданд. Ҳамчунин табодули назар миёни ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои судҳои Тоҷикистону Эронро дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ зикр намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба ҳамдигар туҳфаҳои ёдгорӣ, ки рамзи дӯстии ду кишварро таҷассум менамоянд, тақдим карданд. Пас аз он, Сафири Эрон аз фаъолияти Суди Олӣ боздид намуда, бо тартиби кори он шинос шуд. Мулоқот дар фазои гарму самимӣ баргузор гардид, ки аз сатҳи баланди ҳамкорӣ ва муносибатҳои дӯстона байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эронро тақозо менамояд.