МИЛЛАТИ СОЛИМ – ЗАМИНАИ ПЕШРАФТ ВА КОМЁБИҲОИ МИЛЛӢ АСТ!

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун яке аз муҳимтарин ниҳодҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад, барои амалигардонии бевоситаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саҳми назаррас гузошта, дар чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ, ки рӯзи шанбе дар саросари кишвар баргузор мешаванд, фаъолона ширкат меварзад.

Дар доираи ташаббуси “Рӯзи варзиш”, ки дар асоси сиёсати давлатии солимгардонӣ ҷорӣ гардидааст, фаъолияти Суди Олӣ намунаи барҷастаи ҳамовозии мақомоти давлатӣ бо сиёсати роҳбарияти кишвар мебошад.

Дар заминаи ин ташаббус, ки ба густариши оммавияти варзиш ва таҳкими солимии ҷомеа равона шудааст, кормандони Суди Олӣ чорабинии оммавиро, ки дар майдончаи Сирки давлатӣ баргузор гардид, дастгирӣ ва фаъолона дар онҳо ширкат намуданд.

Суди Олӣ бо таҳким додани ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, барномаҳои варзиширо таблиғ намуда, аҳамияти тарзи ҳаёти солимро дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа васеъ ташвиқ менамояд.

Иштироки кормандони Суди Олӣ дар баробари кормандони дигар вазорату идораҳо нишон медиҳад, ки ин ташаббус дар таҳкими оммавияти варзиш нақши калидӣ дорад. Ҳадаф аз ин ташаббус фароҳам овардани фарҳанги солим дар муҳити корӣ мебошад.

20250315_074011.jpg

Таҷрибаи Суди Олӣ ҳамчун намуна барои дигар ниҳодҳо хизмат менамояд, ки дар барномаҳои оммавӣ ва варзишӣ фаъолона ширкат варзанд. 

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ бо масъулияти баланд барои таҳкими солимии ҷомеа, рушди варзиш ва татбиқи дастури Пешвои миллат фаъолият намуда, дар таъмини як насли қавӣ, устувор ва муттаҳид саҳмгузор хоҳад буд.


Бозгашт ба рӯйхат