МАҶЛИС БО ИШТИРОКИ РАИСИ СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси корӣ бо иштироки раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Р.П., муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими корӣ, аз ҷумла риояи интизоми меҳнат, иштироки фаъолона дар чорабиниҳо, сари вақт ба дафтархонаҳо пешниҳод намудани мавод ва қарорҳои судӣ ва баррасии пурраю дақиқи шикоятҳои шаҳрвандон мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

Раиси Суди Олӣ зимни суханронии худ ба зарурати татбиқи дуруст ва якхелаи талаботи қонунгузорӣ, боло бурдани масъулияти хизматӣ ва такмили тартиби баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон таъкид намуданд. Ҳамзамон, дастуру супоришҳои мушаххас ҷиҳати тақвияти интизоми корӣ, таъмини иҷрои саривақтии қарорҳои судӣ ва вокуниши саривақтӣ ба муроҷиатҳо дода шуданд.

Диққати роҳбари дастгоҳи Суди Олӣ ва раёсати кадрҳо ва корҳои махсус ба масъалаи таъмини кадрӣ, аз ҷумла пурра намудани воҳидҳои холӣ ва зарурати ҷалби мутахассисон барои иҷрои вазифаҳои муайян, ҷалб карда шуд. Қайд гардид, ки   ҷараёни интихоби кадрҳо бо масъулияти баланд ва тибқи талаботи муқарраргардида анҷом дода шуда, барои ҷалби шахсони соҳибтаҷриба ва касбӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Ҳамзамон, ба масъулини дахлдор супориш дода шуд, ки назоратро дар самти таъмини шароити корӣ ва самаранок истифода бурдани имкониятҳои мавҷуда тақвият бахшанд.

WhatsApp Image 2025-03-17 at 12.47.15 (1).jpeg

Дар ҷаласа инчунин масъалаҳои дигаре, ки ба беҳбуди фаъолияти судӣ ва татбиқи адолати судӣ дар кишвар мусоидат мекунанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Раиси Суди Олӣ ҳамаи кормандонро ба иҷрои масъулиятноки вазифаҳои худ даъват намуда, зарурати тақвияти назорат ва масъулиятшиносиро дар ҳама сатҳҳо таъкид карданд.


Бозгашт ба рӯйхат