11 апрели соли 2025 дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии гуруҳи кории Шӯрои занон-судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати судяҳои Суди Олӣ Пӯлодӣ Мавҷуда Комил, Саидзода Марзия Файзалӣ ва директори иҷроияи Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Саломат Абдушукур бо Патрик Штутс, мушовир оид ба ҳуқуқи инсони Дафтари САҲА дар Душанбе, Сангинова Ситора ва Соколова Регина кормандони ҳамин ташкилот баргузор гардид.
Зимни муколама иштирокдорон дурнамои рушди ҳамкории Шӯрои занон-судяҳоро бо Дафтари САҲА дар Душанбе барои давраи солҳои 2025-2027 дар самти баланд бардоштани иқтидори занон-судяҳо, тавсеаи иштироки занон дар ҳокимияти судӣ, ташкили чорабиниҳои таълимӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо созмонҳои занони дигар мақомоти давлатӣ ва дигар масоили муҳимро муҳокима намуданд.