ҶОМЕАИ СОЛИМ – АСОСИ РУШД ВА ДАСТОВАРДҲОИ МИЛЛИСТ!

       Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи солимии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатро ташкил медиҳад. Кормандони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи таҳкими тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш дар ҷомеа, дар доираи ташаббуси "Рӯзи варзиш", ки ба густариши муҳити фаъол равона шудааст, бо рӯҳияи баланди варзишӣ дар чорабиниҳои оммавӣ мунтазам ширкат меварзанд.

     Имрӯз, 12 апрел дар майдони Сирки давлатӣ чунин чорабинии навбатии варзишӣ баргузор гардид судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олӣ бо масъулияти баланд дар машқҳои тамрини бадан аз субҳи содиқ фаъолона иштирок намуда, намунаи аълои дастгирии сиёсати солимгардонии давлатро нишон доданд. Ҳамкории наздики ниҳодҳои давлатӣ дар ин раванд имконият фароҳам меорад, ки варзиш на танҳо ҳамчун як ҷузъи муҳими фарҳанг, балки ҳамчун усули мукаммалсозии муҳити корӣ тавсиф гардад.

IMG-20250412-WA0077[1].jpg

       Ташаббуси мазкур на танҳо барои таҳкими оммавияти варзиш, балки барои рушди ҳамкориҳои иҷтимоӣ мусоидат мекунад. Дар баробари дигар вазорату идораҳо, иштироки кормандони Суди Олӣ нишон медиҳад, ки варзиш воситаи муҳими муттаҳидсозии ҷомеа мебошад. 

         Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ бо иродаи қавӣ барои ташаккули як муҳити солим, рушди варзиш ва татбиқи сиёсати давлат бо масъулияти баланд талош хоҳад варзид. Ҳадаф аз ин иқдом сохтани ҷомеаи устувор ва муттаҳид мебошад.Ташаббуси мазкур на танҳо барои таҳкими оммавияти варзиш, балки барои рушди ҳамкориҳои иҷтимоӣ мусоидат мекунад. Дар баробари дигар вазорату идораҳо, иштироки кормандони Суди Олӣ нишон медиҳад, ки варзиш воситаи муҳими муттаҳидсозии ҷомеа мебошад.

IMG-20250412-WA0075[1].jpg

         Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ бо иродаи қавӣ барои ташаккули як муҳити солим, рушди варзиш ва татбиқи сиёсати давлат бо масъулияти баланд талош хоҳад варзид. Ҳадаф аз ин иқдом сохтани ҷомеаи устувор ва муттаҳид мебошад.




Бозгашт ба рӯйхат