18 апрели соли 2025 Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Р.П. бо сафари расмӣ ба шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф овард. Ин сафар дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар чаҳорчӯби Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор мегардад.
Мулоқоти дуҷонибаи Раиси Суди Олӣ бо Раиси Суди халқии шаҳри Урумчӣ ва муовини раис дар толори бошукӯҳи бинои Суди халқии шаҳри Урумчӣ баргузор гардид.
Дар доираи сафар ба Раиси Суди Олӣ низоми судии давлати Чин муаррифи карда шуда, тартиби электронии баррасии парвандаҳои судӣ манзур карда шуд.

Ҳадафи асосии сафари мазкур таҳкими робитаҳо ва густариши ҳамкориҳо байни судҳои Тоҷикистону Чин ва мубодилаи таҷрибаи судӣ дар заминаи принсипҳои шарикии созанда арзёбӣ мегардад.