19 апрели соли 2025, дар идомаи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Суди байналмилалии арбитражии шаҳри Урумчӣ боздиди расмӣ ба амал овард.
Раиси Суди Олиро роҳбарияти Суди байналмилалии арбитражии шаҳри Урумчӣ бо самимият истиқбол гирифтанд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубодилаи таҷриба, такмили ҳамкорӣ дар самти баррасии парвандаҳои судӣ ва татбиқи технологияҳои рақамиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ин дидори алоҳида оғози марҳилаи нави ҳамкории судии ду кишвар буда, заминаи мустаҳкам барои рушди минбаъдаи муносибатҳои ҳирфаӣ ба шумор меравад.