ВОХӮРИҲОИ ДУҶОНИБА

Рӯзҳои 21-22 апрели соли 2025 дар ҳошияи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Халқии Чин, дар толори бошукӯҳи Жэнхэ мулоқотҳои дуҷонибаи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Р.П. бо Раисони Суди Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Исломов Бахтиёр Ҷаҳонгирович, Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Голям Ҳусейн Муҳсени-Эджеи ва Ҷумҳурии Халкии Хитой муҳтарам Чжан Цзюн баргузор гардид.

1.jpg2.jpg1745411187124.jpg1745411313975.jpg

Мулоқотҳои мазкур ба сифати як қадами муҳим вобаста ба тақвият додани ҳамкориҳои судҳо дар сатҳи минтақа арзёбӣ гардида, ҷонибҳо перомуни масоили мубрами ислоҳоти судӣ, рақамикунонии низоми судӣ, мубодилаи таҷриба ва механизмҳои баланд бардоштани сатҳи дастраси ба адолати судиро табодули афкор намуданд.

Ҳамчунин, аҳамияти густариши ҳамкориҳои дуҷониба тавассути ташкили форумҳо, барномаҳои муштараки омузиши ва ҳамоишҳои илмӣ-таҳлилӣ таъкид гардид. Ҷонибҳо омодагии хешро барои рушди минбаъдаи муносибатҳо байни низоми судҳои кишварҳо дар асоси эҳтиром, ҳамдигарфаҳмӣ ва манфиатҳои муштарак изҳор доштанд.

5.jpg

Вохӯриҳо дар фазои созанда, дӯстона ва бо рӯҳияи эҳтироми мутақобила баргузор шуда, ҳамчун намунаи равшани ҳамкориҳо байни судҳо ва иродаи қавии кишварҳои дӯст ҷиҳати таҳкими адолат ва ҳуқуқмеҳварӣ пазируфта шуд.

6.jpg


Бозгашт ба рӯйхат