ЧОРАБИНИИ ОМУЗИШӢ

Имрӯз, 25 апрели соли 2025 дар маҷлисгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари ҳармоҳа баргузор гардид. Дар доираи ин чорабинӣ, судяҳои судҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеӣ ҷумҳурӣ мавзуҳои муҳим ва масъалаҳои татбиқи қонунгузории амалкунандаро баррасӣ намуданд.

41223132.jpg

Дар рафти семинар, мавзуҳо вобаста ба муқаррароти қонунгузории моддӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба асосҳо барои бекор кардан ё тағйир додани ҳукм, таҳлили амалияи судӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои маданӣ оид ба эътирофи ҳуқуқи моликият ба амволи гаравгузошташуда ва рӯёнидани фарқияти арзиши амволи гарав, омодасозии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи моддаҳои 133-134 КМҲМ ва омузиши бобҳои  10-11 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, аз тарафи иштирокдорон мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

565362323.jpg

Ғайр аз ин, дар кори семинар сабабҳои тағйирёбӣ ва бекоршавии санадҳои судӣ бо иштироки раисони коллегияҳои судии шаҳри Душанбе ва Суди Олӣ мавриди таҳлил қарор дода шуданд.

562265.jpg

Дар фарҷоми семинар, иштирокдорон ба муҳокимаи фаъол ҷалб шуда, пешниҳодҳо ва эълонҳо оид ба такмили низоми судӣ дарҷ гардиданд.  



Бозгашт ба рӯйхат