Имрӯз, 28 апрели соли 2025 дар толори Суди Олӣ маҷлиси ҳафтаина баргузор гардид, ки дар кори он Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Р.П., муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд иштирок намуданд.
Дар ҷаласа Раиси Суди Олӣ ҳолатҳои кориро қайд намуда, ба зарурати татбиқи дуруст ва саривақтии талаботи қонунгузорӣ, тақвияти интизоми корӣ ва назорати қатъии иҷрои қарорҳои судӣ таъкид карданд.
Ҳамчунин, масъалаи пешниҳод ва баррасии парвандаҳо, инчунин, риояи муҳлатҳои судӣ мавриди муҳокима ва таҳлил қарор гирифт. Ба судяҳо ва кормандони масъул дастур дода шуд, ки ҳама санадҳои марбутро бо риояи дақиқи қонунгузорӣ ва масъулияти баланд таҳия намоянд.
Дар идомаи маҷлис, Сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Суди Олӣ муҳтарам Нусратуллозода О.Н. ва Сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Суди Олӣ муҳтарам Қодиров Ҳ.Ҳ. бинобар ба синни нафақа расиданашон расман гусел карда шуданд.
Дар маросими тантанавӣ хизматҳои арзандаи онҳо дар рушди низоми судӣ, саҳми онҳо дар такмили кори кадрҳо ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ёдоварӣ шуданд. Раиси Суди Олӣ бо суханони самимӣ аз фаъолияти бисёрсолаи онҳо қадрдонӣ намуда, ба онҳо сиҳатмандӣ ва комёбиҳои минбаъда орзу карданд.
Дар фарҷоми маҷлис, Раиси Суди Олӣ ҳамаи кормандонро ба иҷрои бомасъулият ва шаффофи вазифаҳои худ даъват намуда, зарурати тақвияти назорат ва риояи интизоми кориро дар тамоми сатҳҳо таъкид карданд.