Имрӯз, 29 апрели соли 2025 дар бинои Суди Олӣ машварати корӣ оид ба амалигардонии Стратегияи миллӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 ва роҳҳои таъмини иҷрои Нақшаи амалӣ солҳои 2023-2025-и Стратегияи мазкур баргузор гардид.
Чорабини мазкур ба баррасии масъалаҳои дар бандҳои 5 ва 6 Нақшаи амал пешбинишуда, ки ба мукаммалсозии механизми ҳифзи ҳуқуқи инсон ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ равона шудаанд, бахшида шуд.
Масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз нав дида баромадани парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба тавсияҳои мақомоти қарордодии СММ дар робита ба мулоҳизаҳои мақомоти қарордодии СММ оид ба муроҷиатҳои инфиродӣ мавриди омузиш қарор дода шуданд.
Дар машварати корӣ намояндагони Дафтари минтақавии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон (OHCHR) дар Осиёи Марказӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Муҳокимаи масъалаҳои муҳими стратегӣ бо иштироки коршиносони бахши ҳуқуқи инсон, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои байналмилалӣ гузаронида шуда, тамоюлҳои ҷаҳонӣ ва таҷрибаи пешқадам дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Чорабинӣ дар фазои муҳокимаи созанда ва табодули таҷриба баргузор гардида, таваҷҷуҳи махсус ба ҳамкории байналмилалӣ ва мукаммалсозии механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон дар сатҳи ҷумҳуриявӣ равона карда шуд.
Дар натиҷаи машварат, чанд пешниҳоди муҳими танзими қонунгузорӣ ва татбиқи механизмҳои муосир барои беҳтар кардани ҳимояи ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таҳия гардиданд.