Имрӯз, 5 майи соли 2025 дар маҷлисгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси корӣ бо иштироки Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Р.П., муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд баргузор гардид.
Дар ҷараёни маҷлис масъалаҳои афзалиятноки корӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, маълумот оид ба тағйиротҳои кадрӣ пешниҳод гардида, фармоишҳои дахлдор вобаста ба ҷобаҷогузории нави кадрӣ дар дастгоҳи Суди Олӣ эълон шуданд.
Ҳамзамон, таваҷҷуҳи махсус ба зарурати такмили заминаи ҳуқуқии фаъолияти мақомоти судӣ ва масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати пешниҳод намудани таклифҳо супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Масъалаи риояи қатъии интизоми меҳнат ва иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси суд таъкид намуданд, ки кормандон бояд сари вақт ба ҷойи кор ҳозир шаванд ва бо масъулияти баланд уҳдадориҳои худро иҷро намоянд.
Баробари ин, бо мақсади таҳкими робитаҳои корӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни кормандон, масъалаи таъсиси дастаи футболи Суди Олӣ баррасӣ шуда, қайд гардид, ки ташкили чунин даста замина барои иштирок дар мусобиқаҳои байниидоравӣ ва таҳкими ҳамбастагӣ дар коллективи меҳнатӣ хоҳад буд.
Дар фарҷоми маҷлис, Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Р.П. ҳамаи кормандонро ба иҷрои масъулиятноки вазифаҳои худ даъват намуда, зарурати тақвияти назорат ва иҷрои босамари супоришҳои қаблан додашударо дар ҳамаи сатҳҳо таъкид карданд.