Дар хатти таърихи халқу Ватани мо санаҳои муҳиме ҳастанд, ки бо гузашти солҳо қиммат ва аҳамияти онҳо боз ҳам бештар мегардад. Ҳамасола дар кишвари азизу маҳбуби мо ба ёди онҳое, ки баҳри халқу Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷони худро фидо намуда, баҳри ба даст овардани ғалаба мардонавор ҷангидаанд, 9 май ҳамчун Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷашн гирифта мешавад.
Дар ин рӯз мо аз қаҳрамониҳои аҷдодони хеш, ки бо шуҷоату матонат сарзамини худро аз душман ҳифз намуда, барои мо наслҳои оянда зиндагии озодонаро муҳайё намудаанд, бо сипосу шукргузорӣ ёд меоварем.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар солҳои 1941-1945 ҷанги одилонаю озодихоҳонаи мардуми Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ баҳри озодӣ ва ҳимояи марзу буми Ватан аллайҳи фашизми хунхор буд. Санаи 22 июни соли 1941 Қувваҳои мусаллаҳи Германия бе эълони пешакии ҷанг, аҳдшиканона ба мулки Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ҳуҷум намуданд.
Ин ҷанги мудҳиш, ки дар таърихи башарият даҳшатноктарин ҷанг мебошад беш аз 1418 шабонарӯз идома ёфта, ҷони 26 миллион шаҳрванди собиқ мамлакати паҳновари Иттиҳоди Шӯравиро рабуд.
Мардум ҷон дар каф гирифта, бо дӯстиву рафоқат, бародариву ҳамдилӣ, якдиливу якҷонӣ, хоки муқаддаси Ватан ва марзу буми хешро мардонавор ҳимоя карда, қушунҳои фашистиро шикаст доданд. Санаи 8 майи соли 1945 дар Рейхстаги шаҳри Берлин, Германия ба акти таслимавӣ имзо гузошта, 9 май дар тамоми дунё Рӯзи Ғалаба бар фашизм эълон шуд.
Дар қатори афсарону аскарони шуҷои русу украин, белорусу қазоқ ва дигар миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ фарзандони фарзонаи тоҷику тоҷикистонӣ низ буданд. Аз Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар ба майдони муҳориба даъват ва сафарбар карда шуданд. Ин шумора дар он давра зиёда аз 50 фоизи аҳолии қобили меҳнати ҷумҳурии моро ташкил мекард. Аз 300 ҳазор нафар беш аз 100 ҳазор нафари онҳо дар муҳорибаҳо ҳалок гардида, даҳҳо ҳазори дигар беному нишон шуданд ва аксари онҳое, ки аз ҷанг баргаштанд, маъюб буданд. Дар шаҳру деҳоти ҷумҳурии мо садҳо ҳазор нафар кӯдакони ҷанговарони дар муҳорибаҳо ҳалокшуда ятим монданд.
Қаҳрамонӣ ва корнамоиҳои ҳамватанони мо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо унвони баланди – Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ қадр карда шудаанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотири иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро пос дошта, онҳоеро, ки дар қайди ҳаёт ҳастанд мавриди дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хоса қарор медиҳад.
Иди Ғалаба як саҳифаи пурифтихори таърихи миллати мост, ки дар он корномаи ибратомӯз ва қаҳрамонию мардонагии падарону бобоёни мо дар майдонҳои ҳарбу зарб бо хати заррин сабт шудааст.
Ин пирӯзӣ натиҷаи дустиву муборизаи якҷояи халқҳо бар зидди хатари мудҳиш – фашизми гитлерӣ ва намунаи олии фидокории фарзандони миллатҳои гуногун барои таъмин намудани сулҳу озодӣ мебошад.
Бо беҳтарин таманниётҳои нек ба фардои дурахшони Ватани азизу маҳбубамон Иди Ғалабаро ба кулли ҳамватанон табрику таҳният гуфта, ба муносибати таҷлили 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба иштирокчиёну собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва ба ёди онҳое, ки барои пирӯзии некӣ бар бадӣ ва хушбахтиву оромии аҳли башар ҷони худро нисор кардаанд, арзи сипосу миннатдорӣ баён менамоем.
Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муборак бошад!
Ёрдамчии судяи Суди Олӣ Самиев Фируз Ҳамроқулович