ЧОРАБИНИИ ВАРЗИШӢ БАЙНИ СУДҲОИ ҶУМҲУРӢ

Рӯзи 12 майи соли 2025 мусобиқаи аввалини футбол барои дарёфти “Ҷоми Раиси Суди Олӣ” байни намояндагони низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ин чорабинии варзишӣ на танҳо рамзи тарзи ҳаёти солим, балки қадами муҳим дар таҳкими муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ миёни судяҳо ва кормандони дастгоҳ гардид. Иштирокчиён сатҳи баланди омодагии ҷисмонӣ, руҳи рақобати солим ва эҳтироми мутақобиларо, ки ба намояндагони ҳокимияти судӣ хос аст, намоиш доданд.

IMG_9748.JPG

Мусобиқа дар фазои гарму дӯстона баргузор шуд. Ҳавасмандон бо эҳсоси баланди якдигарфаҳмӣ дастаҳои худро ҷонибдорӣ карданд, ва бозигарон бо шавқу ҳавас ва ҳисси баланди масъулият дар майдон ҳунарнамоӣ намуданд.

IMG_9743.JPG

Нақши фаъолонаи судяҳо ва кормандони дастгоҳ дар ташкили мусобиқа, иштироки фаъол ва ҳамфикриву ҳамдилӣ дар ҷараёни он, бозгӯи ҳиммату талоши онҳо барои рушди фарҳанги солими корӣ ва ҳамбастагии касбӣ мебошад.

Чунин чорабиниҳо ба таҳкими минбаъдаи ҳамдигарфаҳмӣ, мубодилаи таҷриба ва рушду такомули рӯҳи даставӣ миёни кормандони судҳои ҳамаи сатҳҳо мусоидат хоҳанд кард.


Бозгашт ба рӯйхат