14 майи соли 2025 дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон видеоконфронси байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони судҳои олӣ, вазоратҳои адлия, агентӣ ва сохторҳои дахлдори давлатӣ аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) иштирок намуданд.
Мавзӯи асосии конфронс таъсиси платформаи ягонаи байнидавлатӣ барои муомилоти электронии ҳуҷҷатҳо (МЭҲ) байни кишварҳои ИДМ буд. Дар доираи чорабинӣ иштирокчиён лоиҳаи Консепсияи таъсиси чунин платформаи муштаракро баррасӣ намуда, ҳамаи ҷанбаҳои муҳимро, ки аз ҷониби кишварҳо пешниҳод гардида, аз заминаҳои ҳуқуқӣ ва мутобиқатии техникӣ то масъалаҳои амнияти иттилоотӣ, стандартизатсия ва ҳимояи маълумоти шахсӣ мавриди муҳокима қарор доданд.
Ба масъалаи муттаҳидсозии усулҳо дар мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳои судӣ ва ҳуқуқӣ, таъмини эътибори ҳуқуқии муомилоти электронӣ ва ташкили низоми ягонаи тасдиқи рақамӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар анҷоми конфронс маҷмӯи пешниҳодҳо ва тавсияҳо таҳия гардиданд, ки заминаи такмил ва ташаккули минбаъдаи Консепсияро ташкил медиҳанд. Иштирокчиён омодагии худро барои идомаи муколама ва тақвияти ҳамкорӣ дар самти рақамикунонии низоми судии кишварҳои узви ИДМ изҳор доштанд.