ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ

16 майи соли 2025 ҷамъбасти мусобиқаи футболи хурд бахшида ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол дар шаҳри Душанбе мусобиқаи варзишии футбол байни кормандони мақомоти судӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

IMG_0003.jpg

Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа Муовини Раиси Суди Олӣ суханронӣ намуда, баргузории чунин чорабиниҳоро муҳими тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таҳкими муносибатҳои касбӣ арзёбӣ намуд:

«Футбол танҳо як бозӣ нест – он рамзи ҳамгироӣ, таҳаммулпазирӣ ва рӯҳияи дастаҷамъист. Мусобиқаи имрӯза заминае буд барои боз ҳам наздиктар шудан ва муаррифии хислатҳои беҳтарини инсонӣ, аз ҷумла устуворӣ, интизом ва эҳтиром», — зикр намуд ӯ.

Дар мусобиқа дастаҳо бо ҷидду ҷаҳди зиёд иштирок намуда, маҳорати баланди варзишӣ нишон доданд. Ғолибони мусобиқа бо ҷоизаҳо қадрдонӣ гардиданд:

·       Ҷойи якум – Дастаи судҳои ноҳияҳои Сино ва Фирдавсӣ;

·       Ҷойи дуюм – Дастаи судҳои шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав;

·       Ҷойи сеюм – Дастаи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ.

1.jpg3.jpgIMG_0304.jpg

Инчунин иштирокчиёни фаъол дар номинатсияҳои зерин соҳиби ифтихорномаҳо гардиданд:

-         Беҳтарин футболбоз;

-         Беҳтарин дарвозабон;

-         Беҳтарин ҳамлагар;

-         Беҳтарин ҳимоятгар;

-         Беҳтарин мураббӣ;

IMG_0270.jpgIMG_0249.jpgIMG_0263.jpg

Тавре таъкид гардид, чунин чорабиниҳои варзишӣ минбаъд низ идома меёбанд ва ба баланд бардоштани рӯҳияи ҳамбастагӣ, тарғиби зиндагии солим ва таҳкими фарҳанги ташкилотӣ миёни кормандони мақомоти судӣ мусоидат хоҳанд кард.

IMG_0315.jpg


Бозгашт ба рӯйхат