ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ СУДИ ОЛӢ ДАР ДАВИ МИЛЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОН

Имрӯз, 18 майи 2025 кормандони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии ҷумҳуриявии Дави Миллӣ, ки бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид, фаъолона ширкат варзиданд.

Ин чорабинии варзишӣ, ки ҳамасола дар саросари кишвар баргузор мегардад, бо ҳадафи ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва таҳкими ваҳдати миллӣ миёни аҳолӣ, махсусан ҷавонон, доир мегардад. Иштироки кормандони Суди Олӣ дар Дави Миллӣ гувоҳи муносибати ҷиддии онҳо нисбат ба масъалаҳои тандурустӣ ва дастгирии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

1234.jpg

Кормандони Суди Олӣ, зери шиори «Ҷавонӣ – пайвандгари наслҳо ва ояндаи дурахшони миллат», паёми сулҳу дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмиро паҳн намуда, намунаи ибрат барои дигар шаҳрвандон гардиданд.


Бозгашт ба рӯйхат