ҶАВОНОН – СУТУНИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ПОЯИ РУШДИ УСТУВОРИ МИЛЛАТ

20250408_041546.jpgДар тӯли таърих ҷавонон ҳамеша чун нерӯи муҳими пешбаранда ва ояндаи ҷомеа шинохта шудаанд. Онҳо бо нерӯю зеҳни тоза, ақлу заковати баланди илмӣ ва ҷаҳонбинии васеъ, на танҳо идомадиҳандаи анъанаҳои неки ниёгон, балки ташаккулдиҳандаи самтҳои нави рушди миллат мебошанд. Таҷрибаи кишварҳои пешрафта ва воқеияти Тоҷикистони соҳибистиқлол собит месозад, ки бе иштироки фаъолонаи ҷавонон ягон ҷомеа наметавонад ба сатҳи баланди рушди устувор ва суботи сиёсӣ расад.

Ҷавонон, ки беш аз 70 дарсади аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, дар шароити ҷаҳонишавии муносибатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ масъулияти бузургеро ба дӯш доранд. Тарбияи дурусти онҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсилу фаъолият, ташвиқи онҳо ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосир ва аз ҳама муҳим ба худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ — ҳамаи ин аз самтҳои калидии сиёсати давлатии ҷавонон маҳсуб меёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми суханрониҳо ва паёмҳои худ ба масъалаи тарбияи ҷавонон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, борҳо таъкид кардаанд:

“Ҷавонон нерӯи бузурги созанда ва пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва мо бо боварии комил метавонем гӯем, ки насли ҷавони имрӯза насли бунёдкору ватандӯст ва соҳибмаърифати Тоҷикистони навин аст.”

Сиёсати давлатии ҷавонон, ки дар асоси қонунгузории миллӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ амал мекунад, ҳамчун бахши муҳим ва стратегии давлатдорӣ ҷойгоҳи хоса дорад. Бо таъсиси ниҳодҳои махсус, чун Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва сохторҳои марбута дар сатҳи вилояту ноҳия, имрӯз сиёсати давлатиро дар соҳаи ҷавонон дар амал тадбиқ менамояд. Аз рӯзҳои нахустини Истиқлол то имрӯз татбиқи самараноки ин сиёсат боиси он шудааст, ки садҳо ҳазор ҷавон соҳиби таҳсилоти олӣ, касби пурифтихор ва ҷойгоҳи арзанда дар ҷомеа гардидаанд.

Ҷавонон дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ фаъолияти пурсамар доранд. Онҳо дар вазифаҳои муҳими давлатӣ, дар мақомотҳои қонунгузору иҷроия, таҳқиқотҳои илмӣ, сохторҳои низомӣ ва ҳамчунин дар рушди бахши хусусӣ фаъолона саҳм мегузоранд. Нақши ҷавонон дар таҳкими истиқлолият, суботи иҷтимоӣ ва амнияти миллӣ, ҳамчунин дар рушди иқтисоди миллӣ, қобили таҳсин ва таҳқиқ аст.

Дар баробари ин, нақши ҷавонон дар ҳокимияти судӣ – яке аз шохаҳои муҳимтарини давлатдорӣ – низ рӯз то рӯз равшантар мегардад. Имрӯз, ки низоми судии мамлакат дар доираи ислоҳоти сохторӣ ва баланд бардоштани шаффофият фаъолият мекунад, зарурати ҷалби ҷавонони лаёқатманду донишманд ба мақомоти судӣ ҳамчун як нерӯи тоза эҳсос мегардад. Ҷавонон, ки бо ҷаҳонбинии нав, ҳисси баланди адолатпарварӣ ва дониши ҳуқуқии муосир мусаллаҳанд, метавонанд дар мақомҳои ёрирасон, машваратӣ ва дар оянда ҳамчун судяҳои соҳибмаърифат, ба таҳкими волоияти қонун ва таъмини адолати судӣ нақши созанда дошта бошанд.

Бо мусоидати роҳбарияти олии кишвар ва тавассути барномаҳои махсуси омӯзишӣ, курсҳои такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзию забономӯзӣ дар судҳои шаҳриву ноҳиявӣ, барои ҷавонон имкон фароҳам шудааст, ки дар муҳити касбии судӣ рушд кунанд ва ба рисолати муқаддаси муҳофизати ҳуқуқу озодиҳои инсон саҳм гузоранд. Насли нави ҳуқуқшиносон – ин нури навест дар такмили адолати иҷтимоӣ ва таҳкими ҳокимияти судӣ дар ояндаи наздик саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Муҳити мураккаби сиёсиву идеологӣ ва ҷаҳони рақамӣ имрӯз чолишҳои навро ба миён овардааст. Зарур аст, ки ҷавонон бо зеҳни интиқодӣ, ҳисси баланди масъулият ва ҳувияти миллӣ муҷаҳҳаз бошанд, то зери таъсири ҳар гуна андешаву равияҳои ифротгароёна қарор нагиранд. Дар ин росто, нақши оила, муассисаҳои таълимӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори оммавӣ бузург арзёбӣ мегардад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша талош мекунад, ки ба насли ҷавон имкониятҳои баробар барои таҳсил, рушди шахсӣ ва касбӣ, дастрасӣ ба технологияи муосир ва заминаи мусоиди иҷтимоиву иқтисодӣ фароҳам орад. Аз ҷумла, таъсиси стипендияҳои президентӣ, бурсияҳо барои таҳсил дар дохил ва хориҷи кишвар, лоиҳаҳои грантӣ барои ҷавонон, дастгирии ташаббусҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳама аз сиёсати дурбинона ва ҷавонпарваронаи роҳбарияти кишвар шаҳодат медиҳанд.

Ҳамзамон, таваҷҷуҳ ба мероси таърихӣ ва арзишҳои миллӣ дар ташаккули шахсияти ҷавон хеле муҳим аст. Ҷавоне, ки таърихи гузаштаи миллати худро медонад, ба фарҳанги худ арҷ мегузорад ва ифтихори миллӣ дорад, метавонад ҳамчун муҳофиз ва бунёдгари Тоҷикистони навин ба саҳна барояд.

Онҳо вақте метавонанд ояндаро созанд, ки аз гузашта раванди таърихии миллати худ омӯзанд, дар имрӯз фаъол бошанд ва ба фардо бо бовар бинигаранд. Зеро ҷавоне, ки бо меҳру ихлос, ба миллати худ ва такмили дониш бо масъулият зиндагӣ мекунад, на танҳо барои худ, балки барои тамоми Ватан фардои навро месозад.

Ёрдамчии Раиси Суди Олӣ

Орзумуродов Ҳ.Ҷ.


Бозгашт ба рӯйхат