МАЪЛУМОТНОМА

Бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019 аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», манъ намудани фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бастани сомонаҳои интернетии ин ташкилот ва манъ кардани воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шудааст.

Ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф карда шуда, фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Сомонаҳои интернетие, ки ба ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», ташкилоти террористй-экстремистии «Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон» ва дигар ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ хизмат мекунанд, баста шуда, воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.
Бахши иттилооти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бозгашт ба рӯйхат