Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ба даст овардани сулҳу субот ва баэътидол овардани оромии кишвар баъди истиқлолияти давлатӣ дар як давраи начандон дарози таърихӣ яке аз дастовардҳои бузурги таърихӣ барои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Вақте, ки сухан дар бораи эҳёи давлатдории навини тоҷикон ва ба даст овардани сулҳу ваҳдати тоҷикон меравад, пеш аз ҳама мо бо қаҳрамониҳои фарзанди фарзонаи миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ваҳдатофару ваҳдатсолори миллати куҳанбунёди тоҷик ҳарф мезанем.
Дар сухани нахустини худ ҳануз дар Иҷлосияи таърихии тақдирсози наҷотбахши миллату давлат, Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намуда буданд: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард....» .
Воқеан, мо тоҷикон рўзи Ваҳдати миллиро мансуб ба сулҳофаринии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, ҳамчун ҷашни расмӣ ҳамасола 27 июн дар саросари кишвар таҷлил карда мешавад.
Ҳоло бовар шуд, ки пас аз 8 давраи гуфтушунид миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин (солҳои 1994-1997) то имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон, яъне баъди гуфтушунидҳои тўлонӣ ва талошҳои шабонарўзии пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистонро имзо гузоштаанд, ки ин санади таърихӣ ба ҷанги шаҳрвандии таҳмилии солҳои 1992-1997 хотима бахшид.
Бояд мардуми Тоҷикистон фаромуш накард, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1992-1997) беш аз сад ҳазор шаҳрвандони мо кушта ва тахминан беш аз як млн нафар гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ шуданд. Дар баробари ин хисороти иқтисодии ин ҷанги хонумонсуз беш аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил мекунад. Дар он замон хафи аз байн рафтани давлат ва ба нести кашидани миллати тоҷик ба миён омада буд.
Аз ин хотир, пеш аз оне, ки масъалаи мафҳуми сулҳу ваҳдати миллии Тоҷикистонро дарк намоем, моро зарур аст, ки ба моҳияти сулҳофаринии миллати куҳанбунёди тоҷик бо заҳматҳои Пешвои миллатро дарк намоем.
Сулҳу ваҳдат мафҳумест, ки қариб ки дар ҳама соҳаҳои ҳаёти инсоният ва давлат ба таври васеъ истифода мешавад. Зери мафҳуми Сулҳу ваҳдат маҷмўи хусусиятҳои якдигарфаҳмӣ, қисмҳои таркибёфтаи дастаҷамъона, бо якдигар дар алоқамандии зич қарор доштани шаҳрвандон, пайвастагии маҷмўи унсурҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки тамомияти ҳудудӣ ва ягонагии давлатро ба вуҷуд меорад фаҳмида мешавад.
Ҳамчунон дар ин радиф яке аз хусусиятҳои дигар ваҳдати миллӣ дар он ифода мегардад: Ваҳдати миллӣ – мафҳумест, ки маънои якпорчагии миллат, ҳамдигарфаҳмии гурўҳҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ, сулҳу субот, амнияти комили сиёсӣ, зиндагии шоистаи шаҳрвандон ва хурсандии пиру барнои кишварро дар худ қабул дорад.
Моҳияти ваҳдати миллӣ дар он ифода мегардад, ки нисбати тамоми қишрҳои ҷомеа, новобаста аз мансубияти динӣ, миллӣ, нажод, забон ё маҳал паҳн мегардад. Ба таври дигар гуем, ваҳдати миллӣ заминаи асосии рушди соҳаҳои ҳаёти инсоният ва пешрафти рукунҳои давлатдории миллӣ дониста мешавад.
Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои олӣ ва муҳимтарин дастоварди халқи тоҷик дар замони Истиқлоли давлатӣ дониста мешавад. Маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози соҳибистиқлолии кишвари азизамон, ки барои расидан ба ваҳдати миллӣ заминаи асоси гузошт. Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ раҳо ёбад, сулҳу суботро дар саросари кишвар барқарор кунад, роҳи тараққиёти иқтисодиву иҷтимоиро пеша гирад ва муносибатҳои мустақилонаи худро бо дигар давлатҳои ҷаҳон ба роҳ монад.
Бинобар ин, вақте, ки сухан аз сулҳу ваҳдати миллӣ оғоз мегардад, на рўзи ба имзо расидани ризояти миллӣ дониста мешавад, балки санаи эҳёи сиёсати мустақилонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давомдиҳандаи Истиқлолияти давлатӣ дар хусуси бунёду аз навсозии давлати миллӣ меравад.
Бояд қайд кард, ки дар шароити ҷаҳони муосир, пур аз таҳдиду хатарҳои сиёсиву ҳарбӣ, маънавию фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, илмиву техникӣ, нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ ва таҳкими он вазифаи ҳар як шаҳрванди бо ору номуси Тоҷикистон мебошад.
Зеро, ҳар яки мову шумо шоҳиди онем, ки Тоҷикистон дар заминаи ваҳдати миллӣ қадамҳои устувор ба сўи нек ва пешрафт гузошта истодааст. Аз ҷумла, лоиҳаҳои бузурги инфрасохтории аср, ба монанди бунёди неругоҳои обӣ, роҳҳо, нақбҳо, корхона, дастовардҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ, муносибатҳои неки дустона ба ҳамсоякишварҳо ва давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ғайраҳо – инҳо нишонаи онанд, ки сулҳу ваҳдати миллии мо асоси тамоми комёбиҳост.
Ҳамин тариқ, ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистони соҳибистиқлол на танҳо рамзи сулҳ, балки кафили рушди устувории минбаъдаи давлат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташкилоту муассисаҳо, тақвияти истиқлол ва пойдории давлатдории миллии Тоҷикистон дониста мешавад.
28-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ба тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарз муборак бошад.
Абдуллозода Ёқуб Маҳмадисуф
Сармутахассиси Раёсати кадрҳо
ва корҳои махсуси Суди Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Абдуллозода Фируза Фируз
Мутахассиси пешбари Раёсати
муносибатҳои байналмилалӣ
ва мураттабсозии санадҳои
меъёри ҳуқуқии Суди Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон