Имрӯз, 30 майи соли 2025, дар маҷлисгоҳи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ бо иштироки судяи Суди Олӣ муҳтарам Қамарзода Р., кормандони дастгоҳи Суди Олӣ, судҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дар рафти семинар, иштирокдорон ба баррасии мавзӯъҳои зерин машғул шуданд:
1. Барномаи давлатии муқовимат бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030
- Таҳлили стратегияҳои мавҷуда, татбиқи муқаррароти ҳуқуқӣ ва таъсири онҳо ба коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар кишвар.
2. Идеологияи миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ
- Муҳокимаи нақши арзишҳои миллӣ дар ҳифзи устувории давлат, мутобиқшавии сиёсати ҳуқуқӣ ба равандҳои байналмилалӣ ва таҳкими худшиносии ҳуқуқӣ дар шароити муосир.
3. Ваколатнома, мутобиқи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Баррасии ҳолатҳои ҳуқуқии додани ваколатнома, масъулият ва ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафҳои дахлдор.
4. Эътиборӣ қонунии пайдо кардани ҳукм ва иҷрои он
- Муқоисаи механизмҳои татбиқи ҳукмҳои судӣ, масъалаҳои иҷрои онҳо ва роҳҳои беҳтарсозии самаранокии ҳифзи ҳуқуқ.
Семинар бо муҳокимаи озод ва мубодилаи афкор анҷом ёфт, ки дар он иштирокдорон пешниҳоди таклифҳо оид ба такмили раванди ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани самаранокии татбиқи қонунгузорӣ ироа намуданд.
Чорабинии мазкур ба таҳкими дониш, рушди малакаи касбӣ ва омодагӣ ба татбиқи ҳадафҳои стратегии низоми судӣ мусоидат намуд.