30 майи соли 2025, дар тамоми судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари ҳармоҳаи судяҳо баргузор гардид. Дар кори семинар Раиси Суди Олӣ, муҳтарам Мирзозода Р.П., ба таври маҷозӣ (онлайн) иштирок намуданд.
Дар доираи чорабинӣ, судяҳо масъалаҳои муҳими марбут ба татбиқи қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла муқаррароти қонунгузории моддӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ, инчунин равандҳои бекор кардан ё тағйир додани ҳукмҳоро мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор доданд.
Ҳамзамон, дар семинар таҳлили амалияи судӣ доир ба баррасии парвандаҳои маданӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баргузор гардид. Судяҳо оид ба масъалаҳои баррасишаванда андешаҳои муфид иброз намуда, таҷрибаи худро мубодила карданд.
Дар фазои самимӣ ва ботантана маросими гусели ду шахсияти арзандаи мақомоти судӣ ба нафақа баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ, ки дар толори Суди Олӣ доир гардид, роҳбарият ва судяҳои судҳо иштирок намуда, иброз доштанд, ки фаъолияти пурсамари собиқ раиси суди ноҳияи Варзоб — Воҳидзода Р.Ғ. ва собиқ судяи суди шаҳри Ҳисор — Додоматзода Ф. Шоистаи ифтихор мебошад.
Муҳтарам Воҳидзода Р.Ғ. ва Додоматзода Ф. дар тӯли солҳои фаъолияти худ дар соҳаи судӣ бо поквиҷдонӣ, адолатпарварӣ ва садоқати баланд ба қонун хизмат намуда, барои таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва тарбияи судяҳои ҷавон саҳми арзанда гузоштаанд.
Муовини Раиси Суди Олӣ, мӯҳтарам Тағозода А. С. зимни суханронӣ аз хидматҳои пурсамари ин ду шахс ёдовар шуда, ба онҳо барои садоқат ба касби судягӣ, фарҳанги баланди касбӣ ва саҳми назаррас дар рушди низоми судии кишвар изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Дар поёни чорабинӣ, ба Воҳидзода Р.Ғ. ва Додоматзода Ф. туҳфаҳои ёдгорӣ ва ифтихорномаҳо супорида шуда, аз ҷониби ҳамкорон ба онҳо зиндагии орому осуда ва саломативу сарбаландӣ таманно карда шуд.
Дар қисмати ҷамъбастии семинар Раиси Суди Олӣ ба аҳамияти омодагии ҷиддӣ ба ҳисоботи шашмоҳа таъкид намуда, ҷалби фаъолонаи судяҳоро ба баррасии пешниҳодҳо ва ташаббусҳо ҷиҳати такмили низоми судӣ муҳим арзёбӣ намуданд.