ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАКОН ТИБҚИ САНАДҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Пеш аз ҳама бояд қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳануз соли 2017 баён дошта буданд, ки барои ҳар як давлати солим насли солим лозим аст. Аз ин рӯ, кӯдакон ояндаи ҷомеа ва давлатӣ солим дониста мешаванд, ки онҳо ниёз ба таъмини кафолати ҳифзи ҳуқуқ эҳтиёҷ доранд.

Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ мо пеш аз ҳама бояд ба ҳифзу ҳимояи насли хеш кӯдакон чун рукни ояндаи давлат бештар саъй намоем. Зеро, ки тафаккури зеҳни солими давлату миллат ин кӯдакон дониста мешаванд. Ба таври дигар гӯем, ояндаи миллат ба насли наврас эҳтиёҷ дорад. Аз ин хотир, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали интихоб шуданашон ҳамчун роҳбари давлат хуб дарк намуда, ба насли наврас ва кӯдакон эътибори хосса медиҳанд.   

Бояд қайд кард, ки раванди имрӯзаи ҳаёти ҷамъиятиву давлатиро бе меъёрҳои таърихии ҳуқуқи башарият тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ҳуқуқҳои кӯдакон дар ҳаёти инсоият, аз ҷумла дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар як муддати кутоҳ ташаккул наёфтааст, пайдоиш ва рушди он таърихи дуру дарозро дар бар мегирад. Созмони Милали Муттаҳид дар заминаи Эъломияи Женевагии ҳуқуқҳои кӯдак дар доираи Лигаи миллатҳо соли 1924, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар соли 1948, Эъломияи ҳуқуқҳои кӯдак соли 1959 ва соли 1979 эълон гардидани соли байналмилалии кӯдак, ҳуҷҷати аз ҳама муҳими байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакро соли 1989 - Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдакро қабул намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онро соли 1993 ратификатсия намуда қабул кард.

Конвенсия ба эҳтироми шаъну шарафи ҳамаи кӯдакон асос ёфта, эътироф мекунад, ки ҳар як кӯдак ҳуқуқҳои инсонро соҳиб аст. Дар Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак шарҳ дода мешавад, ки кӯдакон кистанд, ҳамчунон дар санади мазкур ҳамаи ҳуқуқҳои кӯдакон ва уҳдадориҳои давлатҳо инъикос гардидаанд.  Тибқи талаботи моддаи 1-уми Конвенсияи мазкур мафҳуми кӯдак муайян карда шудаст: «кӯдак ҳар шахсе аст, ки ба синни 18-солагӣ нарасидааст», фаҳмида мешавад.  

Тибқи Конвенсия СММ чунин принсипҳои асосии ҳуқуқҳои кӯдакон, яъне 4 принсип муайян карда шудааст. Дар асоси ин принсипҳо, ҳар як кишваре, ки Конвенсияи мазкуро ба тасвиб расонидааст, бояд ба ин принсипҳо такия кунад. Яъне, тамоми сиёсат оид ба ҳуқуқи кӯдак ва низоми ҳимоя бояд ба ин принсипҳо асос ёбад: ҳуқуқ ба ҳаёт; манфиатҳои аввалиндараҷаи кӯдак; табъиз накардан ва иштирок кӯдак дар тамоми масъалаҳои марбут ба худи ӯ асос ёфтааст.

Дар баробари санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф ва қабул намудааст, дар сатҳи меъёрҳои Конситатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои кӯдакон муқаррар ва аз ҷониби давлат кафолат дода шудааст.

Чунончи, дар моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои кӯдакон чунин муқаррар ва кафолат дода шудаст. Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Дар сатҳи меъёри кониститутсионӣ кафолат додани ҳуқуқҳои кӯдак қадами устувор ва нахустин дар ҷодаи омода намудан ва ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакон фаҳмида мешавад.

Ҳамчунон зарурияти қабул намудани қонуни соҳавӣ ба миён гузошта шудааст. Аз ин хотир 16 апрели соли 2017 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд ва ба он 3 январи соли 2024 тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии ҳуқуқҳои кӯдаконро дар ҷумҳурӣ муайян намуд.

Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 14-уми қонуни мазкур ҳуқуқи кӯдакро ба озодии сухан ва виҷдон, иттилоот ва иштирок дар ҳаёти ҷамъияти муқаррар намудааст. Чунончӣ, ҳуқуқи кӯдак ба изҳори ақида вобаста ба синну сол маҳдуд карда намешавад. Ба кӯдак дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд имконият дода шавад, ки фикри худро дар шакле, ки ӯ мехоҳад, баён кунад.

Аз ин хотир, набояд фаромуш кард, ки кӯдакон қишри осебпазири ҷомеа ва давлат дониста, ҳуқуқҳоеро, ки қонунгузорӣ нисбаташон муқаррар намудаст аз ҷониби дигар қишрҳои ҷомеаи фаъол маҳдуд гардад. Зеро, ки тафакури зеҳнӣ ва илмию техникии кӯдакон асоси идиалогияи миллӣ, ҳамчун захираи инсонӣ барои миллату давлат муҳим арзёби мегардад.

Ҳамин тариқ, ҳамасола 1-уми июн ҳамчун рӯзи кӯдакон дар саросари дунё аз ҷониби тамоми давлатҳо ҷашн гирифта мешавад.  

 

Пӯлодӣ Мавҷуда Комил

Судяи Суди Олии

 Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                                        



IMG_0376.JPGАбдуллозода Ёқуб Маҳмадисуф        

Сармутахассиси Раёсати кадрҳо ва 

корҳои махсуси Суди Олии 

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                                                                    



Бозгашт ба рӯйхат