Сулҳ дар ҳаёти имрӯзаи мардуми тоҷик бо мафҳумҳои “Ваҳдат”, “Осоиштагӣ”, “Субот” ва “Осудагӣ” пайванди ногусастанӣ дорад. Ваҳдати миллӣ омили таҳкимбахшандаи идеологияи миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин дастоварди бузургест, ки дар натиҷаи якдиливу якдигарфаҳмӣ, гузашт кардан ва эҳтироми якдигар ба даст меояд. Аз ин рӯ барои мустаҳкам нигоҳ доштани он муттаҳидии миллат, эҳтироми арзишҳои миллӣ, рӯ наовардан ба фарҳанги бегона ва доштани идеологияи миллӣ зарур аст.
Тоҷикон аз азал миллати сулҳпарвар буда, доимо дар талоши андӯхтани илм ва барпо намудани муносибатҳои дӯстона буданд. Таърихан дар ҳаёти мардуми тоҷик доимо ҷои силоҳро қалам мегирифт ва ҷои муштро саломи дӯстӣ, ҷои ҷангро озодӣ ва ҷои ҳуҷумро қудуми сайёҳон. Ҳамин аст, ки дар тули таърихи на он қадар зиёд таҷрибаи сулҳофарии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ маъруф гаштааст.
Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Бе ваҳдати устувор ягон давлат ба рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодӣ муваффақ намегардад”. Сулҳ дастоварди бузургест, ки аз сарвати дунё авлотар аст, ва он мардумро ба ҳамгирроии нек ва баҳамойӣ даъват менамояд. Ин неъмати бебаҳо ҳамчун ободии ҳар диёру сарзамин арзёбӣ мегардад. Мардуми шарафманди Тоҷикистон муҳиммияти онро дарк намудаанд ва барои боз ҳам қавӣ гардонидани суботу оромӣ дар кишвар толош менамоянд.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз мафҳуми Сулҳ дур намонда, дар моддаи 11 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри башардӯстонаро чунин муқаррар намудааст: “Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад”.
Муқаррароти мазкур пеш аз ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки эътирофи падидаи сулҳу ваҳдати устувор на танҳо дар сатҳи идеологияи миллӣ, балки дар сатҳи санади олии кишвар 6 ноябри соли 1994 қабул гардида, таҷассум ёфтааст, ки ин ҳам як қадами устувор ба сӯйи осоиштагӣ арзёбӣ мегардад.
Қобили зикр аст, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари гурӯҳи мухолифин “Созишномаи Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” ба имзо расид, ки ин созишнома оғози осудагию бардавомии кишвар ва таҳкими истиқлолияти комили шикастнопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
Расидан ба сулҳ барои ҷомеаи мо саҳлу осон набуд. Аз ин рӯ, миллати тоҷик ба ин падидаи муҳими сиёсию иқтисодӣ, фарҳангиву иҷтимоӣ диққати махсус зоҳир намуда, онро ба наслҳои оянда мероси ғанӣ мегузорад.
Сарвари давлати мо ҳангоми шуруъ ба фаъолияти корӣ чунин иброз намуда буданд. “Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард”ва ваъдаи худро мардонавор дар амал тадбиқ намуданд.Имрӯз бо ташаббуси беназири сарнавиштсозашон дар сатҳи ҷаҳонӣ “Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда”- ро давоми мантиқии сиёсати сулҳпарваронаи худ дониста, ба монанди ватани амни мо, нияти ҷаҳони амнро доранд.
Мо фарзандони замони истиқлолият бо дарки неъмати бебаҳо будани сулҳ ва ба қадри осудагиву оромии кишвари худ расидан, бо пайравӣ аз сиёсати сулҳҷуёнаи Сарвари давлатамон ин ҳадафи сарнавиштсозро дастгирӣ менамоем. Ифтихор аз он дорем, ки Тоҷикистони азизи мо яке аз давлатҳои амни минтақа буда, ташаббусҳои Сарвари давлати моро сарони давлатҳои узви Созмони миллали Муттаҳид дастаҷамъона дастгирӣ менамоянд. Махсусан қабули қатънома аз ҷониби Асамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади эътирофи ташаббуси шашуми сарвари давлати мо оид ба эълон намудани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда” сазовори таҳсин аст.
Нақши сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба Ваҳдати миллӣ бениҳоят зиёд буда, барои ноил шудан ба сулҳ ва амнияти кишвар ин абармарди миллат ҷонбозиҳо намудааст ва мардонавор роҳи сулҳофариро пеша намуда, то ба охири роҳ ҷасурона ва шарафмандона қадам ниҳодааст.
Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун як идеал ва шахсияти сулҳпарвар шинохта мешавад. Таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҳамчун “Модели тоҷикии сулҳ” дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор додаанд, ки ин боиси ифтихор ва сарфарозии мо тоҷикон аст.
Қайд намудан бамаврид аст, ки тибқи таҳлилҳои коршиносони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон “Модели тоҷикии сулҳ“ дар барномаи Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Коста - Рика ҳамчун даври омӯзишии сулҳофарӣ барои дипломатҳо ва дар Донишгоҳи давлатии Москва ҳамчун курси махсус барои магистрҳо таълим дода мешавад. Пажуҳишгоҳи сулҳу амнияти Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Гамбурги Олмон низ ин таҷрибаро дар доираи як барномаи чандсолаи илмӣ мавриди таҳқиқ қарор додааст.
Хушбахтона дар шароити имрӯза, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар марҳилаи рушд қарор дорад ва мардуми шарифи он дар фазои орому осуда зиндагонӣ мекунанд, санаи 27 июн барои насли имрӯза ҳамчун як санаи сарнавиштсоз ва сарчашмаи ояндаи накӯи наслҳои минбаъдаи кишварамон, махсусан фарзандони зодаи истиқлол нақши муҳим дорад.
Мо ҷавонони кишвар бо роҳнамоии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягӣ ва сарҷамъӣ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки сарбаландона ва бо қудрату нерӯи созандаи хеш оромии кишварамонро ҳифз намоем ва баҳри боз ҳам гулгуншукуфоии ватани маҳбубамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол талош варзем. Ҳамзамон, самараи талошҳои Пешвои миллатро арҷ гузошта, барои таҳкими сулҳи мамлакат ва умуман кулли сайёра саҳмгузор бошем.
Содиқзода Ш.Ф.
Мутахассиси пешбари
раёсати кадрҳо ва
корҳои махсуси Суди Олӣ