3 июни соли 2025 дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии дуҷониба бо иштироки директори Маркази таълимии судяҳо Завқизода С.А. ва масъулони дигари суд бо машваратчии Созмони байналмилали хонум Татяна Котляренко баргузор гардид.
Ҳадафи вохӯрӣ — арзёбии эҳтиёҷоти минбаъдаи омӯзишӣ ва навсозии барномаҳо ва маводҳои таълимӣ дар самти муқовимат ба хариду фурӯши одамон мебошад. Ҳамзамон омӯзиши масъалаи мубодилаи таҷрибаи пешқадами муқовимат бо савдои одамон бо дар назардошти робитаи он ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ин ҷаласа қадами муҳим дар самти таҳкими чораҳои муқовимат ба хариду фурӯши одамон ва ба омӯзиш фаро гирифтани кормандони низоми судӣ арзёбӣ мегардад.