БАРГУЗОР ГАРДИДАНИ СЕМИНАРИ ОМУЗИШӢ БАРОИ КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ СУДҲО

16 июни соли 2025, дар маҷлисгоҳи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе семинари омӯзишии соҳавӣ баргузор гардида, судяи Суди Олӣ, муҳтарам Шуҳратзода У., кормандони дастгоҳи Суди Олӣ, намояндагони судҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Ин чорабинӣ бо мақсади таҳкими донишҳои ҳуқуқӣ, такмили малакаҳои амалӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони мақомоти судӣ доир гардида, ба иҷрои талаботи қонунгузории амалкунанда ва беҳсозии сатҳи хизматрасонии судӣ равона карда шуда буд.

20250616_100934.jpg

Тибқи нақшаи тасдиқшуда, иштирокчиён оид ба мавзӯъҳои муҳими зерин маърӯзаҳо шуниданд:

- Меъёрҳои одоби хизматчии давлатӣ ва нақши он дар ташаккули муоширати касбии судяҳо бо ҷомеа;

- Моддаи 254 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон: муҳокимаи тобеияти парвандаҳои ҷиноятӣ ба судҳои ҳарбӣ ва ҷанбаҳои ҳуқуқии он;

- Бекор кардани ақди никоҳ: асосҳо, тартиб ва паёмадҳои ҳуқуқии ҳаллу фасли чунин парвандаҳо;

- Мафҳум ва танзими ҳуқуқии моликияти муштарак: хусусиятҳо ва механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи тарафҳо.

20250616_100939.jpg

Ҳадафи аслии баргузории семинар таҳкими масъулияти касбӣ, риояи талаботи одоби хизматчии давлатӣ ва муоширати шоиста бо муроҷиаткунандагон мебошад.


Бозгашт ба рӯйхат