СЕМИНАРИ ҲАРМОҲАИ КАСБӢ

Имрӯз, 16 июни соли 2025, дар маҷлисгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омузишӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ судяҳои судҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуда, масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ ва татбиқи дурус ва якхелаи қонунгузории ҷориро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳадафи асосии баргузории чунин чорабиниҳо такмил ва рушд додани донишу малакаҳои касбии судяҳо мебошад.

Дар рафти семинар, мавзуҳо вобаста ба муқаррароти қонунгузории моддӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба асосҳо барои бекор кардан ё тағйир додани ҳукм, таҳлили амалияи судӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои маданӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Судяҳо мушкилоти мавҷударо дар татбиқи қонунгузорӣ баён намуда, ба такмили амалияи судӣ ва пешгирии хатогиҳо зимни қабули санадҳои судӣ диққати махсус доданд.

IMG_0024.jpg

Ғайр аз ин, дар кори семинар таъкид гардид, ки риояи принсипҳои адолати судӣ, тақвияти масъулияти касбӣ ва риояи дақиқи меъёрҳои қонунгузорӣ омили муҳими паст намудани сатҳи бекоршавӣ ва тағйирёбии санадҳои судӣ маҳсуб меёбад.

Дар анҷоми семинар иштирокчиён ба муҳокимаи фаъол ҷалб гардида, пешниҳодҳо ва ташаббусҳо ҷиҳати такмили низоми судӣ ва боло бурдани сатҳи касбӣ дарҷ карда шуданд. Аз ҷумла, зарурати таҳия ва ворид намудани барномаҳои омӯзишии доимӣ барои судяҳо, таҳкими фаъолияти омӯзишии шӯроҳои илмӣ-методӣ ва ба роҳ мондани мубодилаи таҷриба бо судҳои болоӣ ва хориҷӣ зикр гардид.

IMG_0029.jpg

Чунин чорабиниҳо, ки бо ирода ва масъулияти баланди судяҳо доир мегарданд, дар таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати баамалбарории адолати судӣ дар ҷумҳурӣ нақши муассир доранд.

 


Бозгашт ба рӯйхат