Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон дар мавриди Ваҳдати миллӣ чунин гуфта буданд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо, ниҳоле низ вуҷуд дорад, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меоварад. Мо алакай меваи ширин аз дарахти сабзондаамон чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки тешае ба решаи он расад».
Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ неъматҳои бебаҳоест, ки барои ҳар фарди миллати тоҷик арзиши бузург дорад ва муқаддас ҳисобида мешавад, зеро он пас аз солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ ба туфайли хиради сиёсии Пешвои миллат ва кӯшишу дастгирии тамоми қишрҳои ҷомеа, хусусан занону модарон, мустаҳкам гардид.
Тавре ҳамагон медодананд, пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва истиқлоли сиёсӣ ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон душманони миллати тоҷик дар ибтидои солҳои навадум оташи ҷанги шаҳрвандиро дар кишвари мо фурӯзон карданд. Дар натиҷа ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ шиддат гирифта, хатари ба нестӣ рафтани кишвар пайдо шуда буд. Дар чунин шароити душвору ҳассос, 16 ноябри соли 1992, дар Иҷлосияи таърихиву тақдирсози XVI-и Шӯрои олии Тоҷикистон зимоми идораи давлатро Пешвои миллат, ки он вақт хеле ҷавон буданд, ба даст гирифтанд ва ба мардуми кишвар паёми сулҳ додаанд: “Ман ба Шумо сулҳ меоварам!”. Ва ҳамин тавр ҳам шуд.
Пешвои миллат аз рӯзҳои аввал роҳи сулҳро пеш гирифтанд ва то ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ беш аз се сол бо гуруҳҳои мухолифин музокирот анҷом доданд. Дар ин муддат беш аз бист вохӯрии расмӣ байни ҳайати ҳукуматӣ ва намояндагони мухолифини тоҷик баргузор гардид. Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан дар ҳафт вохӯрӣ бевосита иштирок намуда, бо роҳбарони собиқ Иттиҳоди мухолифини тоҷик масъалаҳои мухталифи вобаста ба Созишномаи сулҳро муҳокима намудаанд.
Натиҷаи қабули Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ буд, ки сулҳу субботи саросарӣ ва оромӣ дар кишварамон фароҳам омад. Маҳз бо шарофати қабули ин санади тақдирсоз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тараққиёт дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ оғоз бахшид.
Зеро, маҳз аз баракати сулҳу суббот ва Ваҳдати миллӣ дар саросари кишвари тозаистиқлол имконият фароҳам омад, ки ба сохтмони як силсила иншооти азими аср ҳусни оғоз бахшида, қадамҳои ба хотири таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо додани кишвари азизамон, инчунин баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми тоҷик қадамҳои устувор гузошта шаванд. Имрӯз шукр мекунем, ки дар давлати биҳиштосои мо парчами сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, истиқлолияти комил ва соҳибдавлатӣ парафшон аст.
Дар нигоҳ доштани сулҳу субот ва таҳкими Ваҳдати миллӣ нақши занон ва бонувон бағоят муҳим аст. Зеро, онҳо таълимгар, тарбиятгари ватанпарастӣ ва ҳувиятпарастии насли имрӯза ва ояндаи миллат мебошанд.
Аз рӯзҳои аввале, ки Пешвои миллат сарварии кишварро ба дӯш гирифтанд, эълон карданд, ки ба нерӯи занон такя мекунанд. Зеро занону модарони тоҷик, новобаста аз шароити душвори солҳои 90-ум ба сарвари ҷавони кишвар бовар карданд. Ҳам дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ, ҳам дар раванди Имзои созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва ҳам баъди он то ба имрӯз занони тоҷик дар паҳлӯйи Сарвари давлат қарор доранд. Бонувони сиёсатмадор ба ҳайси Вакили халқ дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, узви ҳайати музокироти сулҳи тоҷикон, узви Комиссияи оштии миллӣ ва хизматчии давлатӣ дар паҳлӯйи Пешвои миллат истода барои татбиқи сиёсати созандагии эшон фаъолият намуданд. Модарони рӯзгордида ба сарвари кишвар ҳамчун фарзанд ва занону духтарон ҳамчун такягоҳу муттако эътимод карданд. Ҳамин аст, ки мо ба рӯзҳои босаодат расидем ва имрӯз кишвари рӯ ба рушд, босубот ва шукуфо дорем.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар масъалаи занон ва баланд бардоштани мавқеи бонувон дар ҷомеа як қатор корҳои муҳим сурат гирифт. Аз ҷумла қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробарии амалигардонии онҳо», «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба низом даровардани қабули духтарон ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2018», «Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», ки ба пешрафти ҳаёти занон ва боз ҳам қавӣ гардонидани нақши занон дар ҷомеа мусоидат менамоянд.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, ҳамчунин ташаббусҳои Пешвои миллат баҳри тақвияти мавқеи занон дар ҷома ҳама шароит муҳайё гардидааст. Имрӯз дар кишвари мо соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд.
Имрӯз занони тоҷик дар вазифаҳои масъул – роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президент, муовини Сарвазир, вазир, сафир, раиси ноҳия, раиси кумитаву идораҳои давлатӣ, ректори муассисаи олӣ, раиси суд ва дигар вазифаҳои масъул фаъолият доранд, ҳамчунин бонувон рутбаву унвонҳои баланд – генерал, академик, профессор ва ғайраро соҳиб ҳастанд. Ҳоло қариб 71 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм, фарҳанг - 47, бонкдорӣ - 39, алоқа - 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд.
Ҳамаи ин ба шарофати Ваҳдати миллӣ ва фазои сулҳу суботи кишвар имконпазир гардидааст. Дар ҷавоб ба ин занону бонувони кишварро зарур аст, ки аз ин имкониятҳои муҳайёнамудаи давлату ҳукумат дар самти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва таҳкими мавқеи занон дар ҷомеа, ташаккул ва рушди ниҳоди сарварии занон ва фаъолгардонии ин табақаи ҷомеа дар рушди сиёсати давлатдориро самаранок истифода намоянд, зеро ин нерӯи бузурги иҷтимоӣ, қодир аст ба рушд ва ё пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсири назаррас дошта бошад.
Сулаймонзода Манижа Фарҳод
Ёрдамчии муовини Раиси Суди Олӣ