25 июни соли 2025 дар маҷлисгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи сатҳи баланди илмӣ-амалӣ таҳти унвони Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори сулҳу ваҳдат ва нақши ҷавонон дар ҳифзи он дар роҳи расидан ба ормонҳои миллӣ" баргузор гардид.
Дар кори конференсия муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяи Суди конститутсионӣ, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷараёни ҳамоиш масъалаҳои муҳими сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ марбут ба сулҳу ваҳдат, рушди давлатдорӣ ва насли ҷавон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ба мавзӯъҳои зерин таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд:
· Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва роҳбари сарнавиштсози мардуми тоҷик дар раванди барқарорсозии пояҳои давлатдорӣ ва суботи кишвар;
· Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳамчун оғози марҳилаи нави рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар роҳи расидан ба ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ;
· Ваҳдати миллӣ ҳамчун заминаи асосии рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар;
· Нақши ҷавонон дар ҳифз, густариш ва муаррифии арзишҳои ваҳдат ва сулҳ, инчунин масъулияти насли наврас дар ҳимояи дастовардҳои миллӣ;
· Саҳми мақомоти судӣ дар татбиқи сиёсати ваҳдатофар, таъмини адолат ва ҳуқуқбунёдии ҷомеа.
Ҳадаф аз баргузории ин конференсияи мазкур ин баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонон, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷалби неруи созандаи насли ҷавон ба раванди рушди устувори давлатдорӣ арзёбӣ мегардад.