ТАНТАНАИ АДОЛАТИ СУДӢ САМАРАИ ВАҲДАТ АСТ

«Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ба мардуми Тоҷикистон дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзии фарзандони огоҳу бедордили миллат, музокироти бисёр мушкилу тӯлонӣ ва ҳамзамон бо ин, бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони содиқу ватандӯст муяссар гардидааст».
Эмомалӣ РАҲМОН
Воқеан, рӯзи 27 июни соли 1997 дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст. Зеро бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки ҳосили хиради азалӣ ва заҳмату талошҳои давомдору самаровари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, марҳалаи иттиҳоду ҳамбастагӣ ва худсозии миллӣ дар мамлакати мо фаро расид. Таҳлили воқеъбинонаи раванди сулҳи тоҷикон нишон медиҳад, ки нақши Президенти маҳбубамон дар хотима бахшидани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, наҷоти миллат ва муттаҳид намудани мардум дар атрофи ғояҳои баланди сулҳу ваҳдат ҳамчун омили муҳимтарини ҳастиву ватандорӣ басо нишонрасу арзишманд аст.
Қобили зикр аст, ки мардуми тоҷик дар тули Истиқлоли давлатӣ ба дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ соҳиб гардид. Дастоварди беназири таърихии давлати навини тоҷикон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, пеш аз ҳама, расидан ба ваҳдату оштии миллӣ, таъмини сулҳу оромӣ, наҷот додани давлатдории миллӣ аз хатари нобудшавӣ ва раҳо бахшидани якпорчагии марзу буми аҷдодӣ аз парокандагӣ мебошад.
Бе ваҳдату якпорчагӣ бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ғайриимкон аст. Маҳз соҳибихтиёрӣ поя ва сутуни заррини бунёди давлати миллӣ аст. Ба ҳамагон равшану аён аст, ки тамоми дастовардҳои даврони истиқлол бо ному пайкори созанда ва ҷоннисориҳои беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи ногусастанӣ доранд. Дар миқёси ҷаҳон ин шахсияти беназир меъмор, бунёдкори давлати соҳибихтиёру миллии тоҷикон шинохта гардид. 
Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ва талошҳои пайгиронаашон ба давлатдории миллӣ таҳкурсӣ гузошта, сохторҳои фалаҷшудаи давлатиро аз нав эҳё намуда, ба сохтмони давлати навини тоҷикон оғоз бахшида, бори нахуст дар таърихи давлатдории тоҷикон созмони давлати демокративу ҳуқуқбунёд бо принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба рукнҳои мустақил - қонунгузор, иҷроия ва судӣ муайян карда шуд.
Маҳз аз баракати Ваҳдати миллӣ ба ҳокимияти судӣ ҳамчун сохтори калидӣ дар масоили риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аҳамияти махсус дода шуда, бо қабули Конститутсияи давлати соҳибихтиёр принсипи мазкур дар сатҳи конститутсионӣ мустаҳкам карда шуда, дар баробари ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, мақомоти судӣ низ ба сифати шохаи алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судиро яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф намудааст ва нақшу мавқеи суд дар пешрафти ҷомеа хеле муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар роҳи таҳкими ҳокимияти судӣ ва  татбиқи адолати иҷтимоӣ нақши  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо муҳим мебошад. Маҳз Пешвои муаззами миллат рушди фаъолияти ҳокимияти судиро яке аз самтҳои асосии сиёсати меҳварии давлат эълон карданд, ки дар заминаи он то ба имрӯз барои ташаккули низоми судии кишвар ва баланд бардоштани мақоми ҳокимияти судӣ дар ҷомеа корҳои назаррас ва муҳим ба анҷом расидаанд.
Аз ҷумла, соли 1995 барои рушду такмили фаъолияти ҳокимияти судӣ шаш қонуни конститутсионӣ қабул карда шуд. Қонунҳои мазкур фаъолияти судҳои кишвар ва низоми судии кишварро мукаммал гардониданд.
Масъалаҳои беҳсозии шароити моддиву техникии судҳо баъд аз қабули фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1997 “Дар бораи баъзе чораҳои таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ” давра ба давра ҳаллу фасл карда шуд.
Дар ин раванд, 6 августи соли 2001 ва 26 июли соли 2014 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардида, меъёрҳои ҳуқуқии соҳа мукаммал ва сохтори судии кишвар такмил дода шуда, барои дастгирӣ ва таҳкими фаъолияти ҳокимияти судӣ воҳидҳои иловагии корӣ ҷудо ва дар натиҷа, шумораи кормандони соҳа 252 воҳиди корӣ - 116 судя ва 136 корманди дастгоҳи судҳо зиёд карда шуд.
Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва баракати Ваҳдати миллӣ мустақилияти ҳокимияти судӣ таъмин гардида, шароити моддию техникии судҳо марҳала ба марҳала беҳтар гардида истодааст. Дастовардаҳои болозикр, ифтитоҳи бинои нави Судӣ Олӣ ва чанде аз бинои судҳои шаҳру навоҳии мамлакат далели гуфтаҳо буда, аз судяҳо ва кормандони ин ҳокимият дар иҷрои рисолати пуршараф масъулияти бештарро тақозо менамояд.
Солҳои охир дар фаъолияти судҳои кишварҳои пешрафта мафҳуми  “адолати судии электронӣ” ба миён омадаааст. Яъне ба роҳ мондани низоми коргузории электронӣ дар фаъолияти судӣ фаҳмида мешавад. Агар ба ибораи дигар гӯем, амалӣ гардонидани тартибу шакли амалҳои мурофиавии бо қонун пешбинигардида дар асоси истифодаи технологияи иттилоотӣ дар фаъолияти судҳо, аз ҷумла ба таври электронӣ ҳамкорӣ намудани судҳо бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин шахсони иштирокчии парванда дар назар дошта шудааст.
Гузариш ба низоми коргузории электронӣ баҳри таъмини шаффофият, аз байн бурдани кашолёбии баррасии парвандаҳои судӣ мусоидат мекунад. Аз тарафи дигар, ворид шудан ба ин усули корбарӣ хароҷот, ба монанди дастрасӣ ба технологияҳои муосир, омода кардани мутахассисонро талаб менамояд. Тавре зикр гардид, Ҳукумати кишвар дар ин самт корбариро оғоз намуда, заминаи ҳуқуқиро муҳайё намудааст. Марҳала ба марҳала  дар фаъолияти судӣ ҷорӣ намудани гардиши электронии ҳуҷҷатҳо тақозои замон аст.
Бояд гуфт, ки таълими самаранок ва босифати кадрҳои ҷавони ҳокимияти судӣ ба васеъ гардидани ҷаҳонбинӣ, болоравии малакаи касбии онҳо ва беҳтар шудани сифати адолати судӣ мусоидат менамояд. Доир ба ин масъалаи муҳим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо судяҳо таъкид доштанд, ки судяҳо бояд ҳангоми иҷрои вазифа дар ҳама ҳолат ба савганди худ содиқ бошанд, шаъну шарафи судягиро нигоҳ доранд, ваколатҳояшонро бо масъулияти баланд анҷом диҳанд ва ба мардум содиқонаву беғаразона хизмат намоянд.
Вазъияти имрӯзи ҷаҳон, даргирӣ миёни баъзе кишварҳо, мухолифати абарқудратҳо, доман паҳн кардани ҷангҳои иттиллотӣ ва дигар зуҳуроти сайёра мо – шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла судяҳо ва кормандони дастгоҳи судро ҳушдор медиҳад, ки ваҳдату осудагӣ ва амнияти миллии худ, ин неъмати бебаҳо ва арзиши истиқлоли давлатиро чун гавҳараки ҷашм эҳтиёт намуда, зиракиву ҳушёриро аз даст надода, барои ҳифзи марзу буми кишвар ва пойдории сулҳи бадастомада аз ҳар рӯз дида, бештар талош намоем.

Рустам МИРЗОЗОДА,
Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бознашр аз Паёми Душанбе


Бозгашт ба рӯйхат