Имрӯз, 4 июли соли 2025 дар маҷлисгоҳи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе тибқи нақшаи кории Суди Олӣ ва бо мақсади таҳлили амиқи фаъолияти ҳокимияти судӣ, дар охири нимсолаи якуми соли 2025 ҷамъбасти фаъолияти судҳои ноҳияҳои Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Судҳои пойтахт, фаъолиятро дар асоси принсипҳои Конститутсионӣ ва қонунгузории амалкунанда ба роҳ монда, дар самти ҳалли саривақтии баҳсҳо, коҳиш додани муҳлати муқарарнамудаи баррасии парвандаҳо ва таъмини шаффофият ва дастрасии шаҳрвандон ба адолати судӣ тадбирҳои мушаххас андешиданд.
Дар маҷмуъ, таҳлили оморӣ нишон медиҳад, ки судҳои шаҳри Душанбе дар нимсолаи якуми соли равон тавонистанд дар рӯҳияи масъулиятшиносӣ ва адолатпарварӣ фаъолият намуда, ба татбиқи сиёсати ислоҳотгароёнаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзандаи худро гузоранд.
Судҳои пойтахт минбаъд низ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини ҳукмронии қонун ва таҳкими боварии ҷомеа ба адолати судӣ талош хоҳанд кард.