Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Р.П. аз бинои навтаъмиру навсозишудаи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид Раиси Суди Олӣ аз сатҳу сифати корҳои таъмирӣ ва шароити нави муҳайёгардида барои фаъолияти кормандони суд шинос гардида, таъкид намуданд, ки беҳтар намудани муҳити кории судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд яке аз самтҳои афзалиятноки ислоҳоти соҳаи судӣ ба ҳисоб меравад.
Дар фарҷоми боздид, Раиси Суди Олӣ изҳори боварӣ намуданд, ки бо истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамгардида, кормандони суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд минбаъд низ фаъолияти худро дар рӯҳияи баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ба қонун ва адолатпешагӣ ба роҳ хоҳанд монд.