4 июли соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти суди вилояти Суғд ва судҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи он дар нимсолаи якуми соли 2025 баргузор гардид.
Дар маҷлис Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Р.П., раис ва муовинони раиси суди вилояти Суғд, роҳбарони судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ва судяҳо иштирок намуданд.
Маҷлисро Раиси Суди Олӣ ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ ба масоили марбут ба татбиқи босамари адолати судӣ, риояи қонуният, таҳкими интизоми хизматӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии судяҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Ӯ таъкид намуд, ки фаъолияти судҳо бояд ба эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини адолат асос ёбад.